Теъдоди низомиёни фавтидаи туркман ба 30 кас расид

Бархе аз ҷузъиёти марги 18 низомӣ дар Туркманистон дастраси расонаҳо шуд. Хешовандони фавтидагон гуфтанд, сабаби марги онҳо садамаи нақлиёт будааст. Манобеъ гуфтанд, дар он ҳодиса на 18, балки 30 низомӣ фавтидааст. “Ҳангоми аз нишебӣ фуруд омадан ронандаи КамАЗ аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, бо суръати баланд ба мошине бархурдааст, ки аз муқобил меомад”, – гуфтанд манобеъ. Дар пайи ин ҳодиса ҳамчунин 20 каси дигар дар бемористон бистарӣ шудааст. Ин ҳодиса рӯзи 18 июл рух дод.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.