Телевизиони “Апрел”-и Қирғизистонро ба эфир роҳ надоданд

Дар Қирғизистон телевизиони “Апрел”-ро ба далели дар ҳабс будани амволаш иҷозаи фаъолият надоданд. Дар ин бора ҳайати эҷодии “Апрел” хабар дод. Рӯзноманигорон гуфтанд, ки шабакаи “Апрел” баста нашудааст, зеро иҷозатномаи вазорати фарҳанг ҳанӯз амал мекунад.

“Мо барнома таҳия кардем, мушкилиҳои техникиро рафъ сохтем. Аммо иҷозат надоданд, ки ба эфир бароем. Ширкати “Технологияҳои рақамӣ”, ки пахши барномаҳои “Апрел”-ро таъмин мекунад, посухи рад дод. Қубод Оторбоев, мудири “Технологияҳои рақамӣ” гуфт, амволи “Апрел” дар ҳабс аст”, – гуфтанд рӯзноманигорони телевизион.

Ҳайати кормандони “Апрел” мегӯянд, бастани эфири шабака идомаи маъракаи маҳдудсозии озодии баён дар Қирғизистон аст. Онҳо аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва ҷомеаи рӯзноманигорӣ хостанд, барои ҳалли мушкилашон мусоидат кунанд.

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон шоми 9 август бо такя ба қарори додгоҳ амволи ширкати “Медиа-Форум” ва телевизиони “Апрел”-ро ҳабс кард. Расонаҳо ва чанде аз коршиносон ин амалро фишор ба озодии баён унвон карданд.

Шарҳи EUCTJ: Бояд зикр кард, ки шабакаи телевизионии “Апрел”-ро аз расонаҳои наздик ба собиқ президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев медонанд, ки алҳол ба ҳайси гумонбар дар фасоди моливу маъмурӣ боздошт шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.