“Тезутундшавии вазъ дар сарҳад”: матлаби беэътимоди “Озодӣ”-ву бархурди касбии Kloop

Радиои Озодӣ дар ин матлаб аз нигаронии Қирғизистон дар бораи гӯё ҳудуди як километр ба хоки ин кишвар ворид шудани сарҳадчиёни тоҷик дар минтақаи сарҳадӣ бо Лахши Тоҷикистон  иттилоъ дод, ки бозтоби якҷониба буд. Расонаҳои қирғизӣ бо пайдо шудани назари ҷониби Тоҷикистон хабарҳояшонро такмил доданд, вале Радио Озодӣ на. Нақду ростиозмоии матлаб ҳамчунин собит сохт, ки: 

  • Манбаъи ин хабар Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон буда, даҳҳо расонаҳои қирғизӣ  онро  ҳамчун “тезутундшавии вазъ дар сарҳад” бозтоб дода, ба сифати далел видеои фуровардани контейнер аз ҷониби чанд сархадчии тоҷикро овардаанд, ки намешавад онро тезутундшавии вазъ дар сарҳад хонд. Истифода аз он ба ҳайси далел дар муҳити расонаӣ нишонаи дасткории иттилоъотӣ ё манипулиятсия мебошад.
  • Радиои Озодӣ манбаъи хабарашро КДАМ-и Қирғизистон ном бурдааст, вале пайванди мустақим ба манбаъро нишон надодаасту як аксро аз видеои паҳнкардаи расонаҳои қирғизӣ истифода бурдааст. Дар сомонаи ниҳоди номбурда, ҳамчунин хабар вуҷуд надорад.
  • Бозтоби ин баҳонаи хабарӣ  аз ҷониби Радиои Озодӣ тақрибан айни бозтоби расонаҳои қирғизӣ буда, дар он омадааст, ки “соати 3-и бомдоди 4-уми июн ҷониби Тоҷикистон дар минтақаи ҳанӯз аломатгузоринашуда дар дарунтар аз 1000 метр дар қаламрави Қирғизистон, контейнер ё вагонҳо ҷойгир кардааст”, ки мантиқан зидду нақиз аст.
  • Нахуст ин ки агар минтақа аломатгузорӣ нашудааст, маълум кардани ба кӣ тааллуқ доштани макону дақиқ чен кардани он номумкин аст. Дувум,  иттилоъоти ҷониби Қирғизистон дар мавриди аломатгузорӣ нашудани ин мавзеъ санад ё  ҳадди аққал тасдиқи ҷониби дигарро мехоҳад, ки дар матлаб ҷой надорад.
  • Радиои Озодӣ ин макони ҳодисаро айни расонаҳои қирғизӣ  “Унжу-Булоқи ноҳияи Ҷон-Олойи вилояти Уш” хондааст, ҳол он ки сухан аз мавзеъи ағбаи Шатти меравад.
  • Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон  бо пахши як баёния дар сомонаи АМИТ “Ховар” изҳороти ҷониби Қирғизистонро аз ҳақиқат дур хонда, далел овардааст, ки “бар хилофи изҳороти ҷониби Қирғизистон, ки бо воқеияти дар ВАО интишорёфта мувофиқат намекунад, дар натиҷаи кори Комиссияҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсия, аз тӯли умумии 986,7 км, 519, 9 км сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ташреҳ шудааст. Яке аз мавзеъҳои боқимондаи тақсимнашуда дар ин минтақа ағбаи Шатти мебошад.Ҷонибҳо мувофиқа кардаанд, ки фаъолияти худро ҷиҳати муайян кардани хатти убури сарҳади давлатӣ дар ин мавзеъ идома медиҳанд ва таклифҳои худро пешниҳод мекунанд. Мутобиқи мувофиқа дар доираи комиссияҳои байниҳукуматӣ, баъзе мавзеъҳои марзӣ ташреҳ карда шуданд”.
  • Бо ҳамин сабаб, ҳоло дастаи посбонони сарҳадии ҚС КДАМ ҶТ мутобиқи хатти мувофиқашудаи убури сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон марзро муҳофизат мекунад.Яъне, мутобиқи мувофиқаи протоколӣ дастаи сарҳадӣ дар ҳудуди мувофиқашуда гузошта шудааст. Аз сӯи дигар, дар мавзеъи ағбаи Қарамиқ посгоҳи сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон бо инфрасохтори дахлдор таъсис ёфтааст.Тақаррури дастаи посбонӣ дар мавзеъи мазкур усули баробариро дар ҳифзи сарҳади давлатии ду давлати ҳамсоя то ба итмом расидани раванди делимитатсия, демаркатсия ва барасамиятдарории ҳуқуқии он таъмин мекунад” – омадааст дар ин изҳорот.
  • Бо пайдо шудани баёнияи КДАМ -и Тоҷикистон расонаҳои мустақили Қирғизистон, назири Kloop матолибашонро такмил дода, назари ҷониби Тоҷикистонро ҳам ба хонандаҳояшон пешниҳод карданду дар ин бораи ислоҳ ё такмили хабарашон ба корбарон иттилоъ доданд, вале Радио Озодӣ то лазҳаи таҳияи ин матлаб аз ин кор худдорӣ кардааст, ки бархилофи қонунгузории соҳавӣ ва банди 15-и Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон мебошад.
  • Маврид ба зикр аст, ки Радиои Озодӣ аз камтарин расонаҳо буд, ки ба низоъи сарҳадии 29 апрел бархурди касбӣ дошт, вале дар ин маврид матлаби беэътимод пахш кард.

MediaMarker

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.