тифоқӢ

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Ҳақ ба ҷониби гӯяндаи ин суханон аст, ки дӯстиро ба комёбӣ, саодатмандӣ, бахту иқболи баланд шабоҳат дода ва душмании байни мардумро ба рӯзи сахт. Дӯсти хуб буданро ҳар як шахс аз оила меомӯзад, чун дар мафҳуми дӯстӣ ғамхорӣ, меҳрубонӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, дастгирӣ ва дигар омилҳои инсонӣ мавҷуд аст. Аз ин рӯ, шахси дар оилаи солим ба воя расида дӯст ва ҳамнишини хуб шуда метавонад. Зеро аллакай аз овони хурдсолӣ чи тавр муносибат доштанро дар оила омӯхтааст. Дар оилае, ки ҳамдигарфаҳмӣ, ғамхорӣ ва меҳру муҳаббат байни падару модар дида мешавад, албата ба дигар аъзои оила таъсири мусбат мерасонад. Фарзандони бомаърифат, инсондӯст, қавиирода ва мушфиқу ғамхоре ба воя расида, дар боғча, муассиса, донишгоҳу донишкадаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ саҳмгузор мешаванд. Хусусан дар байни омма, ҳамкорон ва ҳамсабақон. Зеро ҳар як шахс дар ҳаёти худ ба дӯсти мувофиқ, ҳамфикр, инсондӯст зарурат дорад, то дар лаҳзаҳои ғамгинӣ ва хурсандӣ дар паҳлуяш ба мисли деворе мустаҳкам бошад. Чуноне, ки мегӯянд, «дӯстон оинаи якдигаранд». Албатта оина бояд ҳақиқатро нишон диҳад, на ин ки ба ҷои сафед сиёҳ ва ё баръакс. Яъне, он набояд каҷнамо бошад.

Ҳаёти инсоният пур аз гардишҳост, ки гоҳо дар замин мисли оби рехта яксон мекунад ва гоҳо дар осмони баланд ба парвоз мебардорад. Маҳз дар чунин мавридҳо моро дӯстони ҷонӣ лозиманд, то шарики рӯзҳои хуб ва ғамангези мо бошанд. Албатта, инҷо гап сари дӯсти ҷонӣ меравад, на забониву нонӣ. Чуноне, ки ба ҳамаи мо маълум ва мушаххас аст, гуфтаанд:

Дӯстон се навъанд, гар ту донӣ,

Забониянду нониянду ҷонӣ.

Ба нонӣ нон деҳ, аз дар биронаш,

Ситоиш кун ту ёрони забонӣ.

Вале чун дӯсти ҷониро ба даст орӣ,

Ба ҷонаш ҷон деҳ, гар метавонӣ.

Инчунин, овардаанд, ки:

Барои дӯстон ҷонро фидо кун,

Валекин дӯст аз душман ҷудо кун.

Оре, ҷудо намудани дӯст аз душман қобили қабул аст, вале дар бисёр маврид кори басо мушкилест. Баҳри дуруст интихоб намудани дӯсти хеш моро зарур меояд, то солҳо бияндешем ва ё дар мавриди дигар худи мушкилиҳои пешомада дӯсти ҷониро аз нониву забонӣ ҷудо месозад. Шахсоне ҳастанд, ки бо тарзи ором сухангӯӣ намуда, аз худ як инсони басо ғамхор нишон медиҳанд, вале бо гузашти айём маълум мегардад, ки душмане беш нестанд. Ва ёфт мешаванд нафароне, ки лафзи ширин ва ҷалбкунанда надоранд, аммо новобаста ба ин, бисёр инсони комил ва ҳалим мебошанд. «Дӯст гӯяд табарвор, душман гӯяд шакарвор» далели гуфтаҳои болост.

Мафҳуми дӯстиро ҳар кас бо назар ва фаҳмиши хеш мебинад. Баъзеҳо дар гузаронидани рӯзҳои хуб дар якҷоягӣ, баъзеи дигар дар якҷоягӣ хӯрдани хӯроки нисфирӯзӣ, ҳангоми мушкилиҳо дастгирӣ якдигар будан, ҳатман бо зодрӯз табрик кардану туҳфа додан ва ғайра. Вале мо бояд дар ҳамаи ҳолат якҷоя бошем. Нафарони зиёде ба назар мерасанд, ки ба як рафтори ночиз эрод гирифта, боиси озурдаҳолии дӯсти хеш мегарданд. Чаро чунин аст, чаро намехоҳанд, ки ба ҳамдигар фаҳмонанд сабаб ва мақсади рафтори хешро? Магар бо қаҳр, ҷангу ҷидол бардоштан мушкилӣ ҳал мешавад? Магар аз кина ба дил доштану ранҷонидани касе шахс хушбахт ё хурсанд мешавад? Ба фикрам, не.

Албатта, дар мадди аввал масъалаи боиси ташвиш нест, вале агар ҷиддан ба он назар намоем, нигаронкунанда аст. Зеро аз пайи ҳамон кинаю нафрат ва ҷангу ҷидол ба бисёр амалҳои дигар даст мезанем, ки боиси таассуф мегардад. Вале ҳоло ҳам онро дарк накардаем. Магар мушкил аст, ки дар доираи амалҳои хуби инсонӣ амал намуда, ҳаёти хеш ва дигаронро зери ғаму ғусса вонагузорем?

Аз ин рӯ, бояд дӯсту тифоқ бошем.

Шаҳло СОДИҚЗОДА

Сообщение тифоқӢ появились сначала на Фараж.

Манбаъ: Faraj.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.