Тихановская гуфт, шеваи тарс додани президенти «ғайриқонунӣ» Лукашенко беасар мешавад

Светлана Тихановская, собиқ номзади президентии Беларус, ки дар хориҷа ба сар мебараду ғайриинтизор ба як раҳбари мухолифон табдил шудааст,  гуфт, шеваи тарс додани раҳбари худкомаи Беларус Александр Лукашенко барои хатми эътирозҳо алайҳи натиҷаҳои интихоботи моҳи гузашта мушкилоти баамаломадаро ҳал намекунад. Дар мусоҳибааш бо ТВ ”Настоящее время” рӯзи 14-уми сентябр, лаҳзаҳое, ки Александр Лукашенко дар Сочи бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот мекард, Тихановская ӯро “президенти ғайриқонунӣ”-е номид, ки ба гуфтааш, ҳақ надорад аз номи мардуми Беларус созиш имзо кунад. Тихановская гуфт, ки бо вуҷуди саркӯбҳо мардуми Беларус аз ширкат дар эътирозҳо ҳарос надорад:

“Мардум ният ва хоҳиши инро дорад, ки дар Беларусияи нави бидуни ғосиб зиндагӣ бикунад. Пеши роҳи одамонро дигар гирифта намешавад. Ҳар қадар ОМОН дағал бошад, ҳар қадар одамони бештарро ҳабс бикунанд, ҳамон андоза вокуниши мардум ҳам қотеътар мешавад”.

Дар 26 соли охир ин нахустин маврид аст, ки Лукашенко бо мавҷи азими норизоияти мардум рӯбарӯ мешавад. Тихановская иддао мекунад, ки 60 то 70 дарсади овозҳоро бурдааст ва боздоштҳои азими рӯзи 13-уми сентябрро “талоши Лукашенко барои дар чашми Кремлин вонамуд кардани ин ки вазъ таҳти назорат аст”, номид.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.