Тихановская хостори ҳимоят аз тазоҳургарон шуд

Светлана Тихановская, пешвои мухолифони давлат дар Белорус рӯзи 7-уми февралро Рӯзи ҳамраъйӣ бо Белорус хонда аз раҳбарони ҷаҳон, хабарнигорону ҷомеаи маданӣ хост, тазоҳургаронеро ҳимоят кунанд, ки талаб доранд, Александр Лукашенко истеъфо диҳад.

Тихановская рӯзи 7-уми феврал зимни муроҷиат аз тариқи вебсайташ гуфт, аз рӯзи интихоботи “фиребомез”-и рӯзи 9-уми август “белорусҳо демократия ва озодӣ талаб доранд, бо вуҷуди беқонунии режим, муқовим ва далер мондаанд.” Ба гуфтаи ӯ, мардум ҳамарӯза бо тазоҳургарон ҳамраъйӣ нишон медиҳанд ва барои “далериву иродаи қавӣ” ба онҳо ташаккур мегӯянд.

Светлана Тихановская тавсия додааст, ки ба хотири ҳамраъйӣ бо тазоҳургарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ номаҳои ҳимоят аз онҳо бинависанд, ба зиндониёни сиёсӣ нома бифристанд. Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 5-уми феврал гуфтанд, ки аз Рӯзи ҳамраъйӣ бо Белорус тарафдорӣ мекунанд.

Нед Принс, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико гуфт: “Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон аз нерӯи истисноӣ, истодагарӣ ва ҷасорати мардуми Белорус дар муқобили саркӯби сахт шигифтзада аст.” Иттиҳоди Аврупо бо нашри баёнияи шабеҳе гуфт, ки дар Белорус ҳазорон нафар дастгир шудаанд ва садҳо тани дигарро азобу шиканҷа додаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.