Тихановская ваъдаи Лукашенко барои тағйиротро рад кард

 Раҳбари мухолифони Беларус Светлана Тихановская рӯзи 10-уми январ ваъдаи нави Александр Лукашенкоро рад кард, ки гуфтааст, то охири соли ҷорӣ тарҳи нави конститутсияро омода карда ба референдум мегузорад. Тихановская гуфт, “Дар Беларус танҳо як конститутсия метавонад қабул шавад – Конститутсияи мардумӣ. Мардум онро таҳия ва баррасӣ хоҳанд кард. Шахсе, ки бар зидди мардуми худ террор кард, бо қонуни асосӣ ҳеҷ умумияте надорад”. Тихановская тавассути Телеграм навишт, ки Лукашенко мехоҳад “тарҳи дасткоришудаи худро гузаронида моро гӯл бизанад ва дар ин муддат вақтро ба нафъи худ тӯл бидиҳад”.

Ӯ гуфт, мухолифон  Лукашенкоро президент эътироф намекунанд ва ҳеҷ гуна пешниҳодҳои ӯро дар заминаи тағйироти қонун қабул нахоҳанд кард. Ӯ гуфт, ки интихобти нав бар асоси конститутсияи нав бояд то охири соли 2021 бидуни Лукашенко баргузор шавад. Қаблан Лукашенко ваъда дод, ки то охири соли ҷорӣ конститутсияи нав таҳия мешавад ва барои қабули он референдум ё ҳампурсӣ доир хоҳад шуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.