Тилав Расулзода: Агар дар вилоят 200 нафар журналист бошад, пас ман, воқеан, журналист нестам!

Меҳру муҳаббати хабарнигорӣ кай дар дилам пайдо шуд, дақиқ дар ёд надорам. Шояд соли 1971 ё 1972 буд. Он замон дар синфи панҷ ё шаш мехондам.
Дар толори калони варзишии мактабамон, мулоқот бо донишҷӯён баргузор гардид. Онҳо се ё чаҳор нафар буданд. Дар қатори дигарон донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон  Насибҷон Амонӣ низ суханронӣ карданд. Чиҳо гуфтанд, хуб дар хотир надорам. Ҳамин қадар метавонам бигӯям,ки Амонӣ толибилмонро ба мутолааи бештари китоб, омӯхтани илму ҳунар даъват намуданд. Пас аз мулоқот тасмим гирифтам, ки мисли он кас хабарнигор ё шарқшинос мешавам.
Аз ҳамон овон китоб харидан бароям одат шуд. Каме баъдтар, яъне вақте дар синфи ҳафтум таҳсил мекардам, даст ба навиштани хабару мақолаҳо задам ва онҳо яке паси дигар дар рӯзномаҳо чоп мешуданд.
Аз он замон Насибҷон Амонӣ тағйир кардаанд
Дар синфи нуҳ мехондам. Рӯзе ба синфи мо аз боло ҳамшаҳрие омад ва бо толибилмон дар мавзуъи «Оянда кӣ шудан мехоҳед?» суҳбат орост. «Канӣ фалонӣ, гӯй, ки кӣ шудан мехоҳӣ?» савол медод меҳмон. «Ман духтур мешам!», «Ман инженер мешам!», «Ман муаллима мешам!». Меҳмон чун медид, ки он ҳама пурсидашудагон аз табақаи хосу доро ҳастанд, «Офарин!», «Касби нағз интихоб кардаӣ!» мегуфт ва эшонро руҳбаланд мекард. Чун навбати ман расид, ӯ суол кард: «Ту кӣ шудан мехоҳӣ?». Гуфтамаш: «Шарқшинос». Меҳмон бо тамасхур гуфт: «Агар ту шарқшинос шавӣ, тракторчӣ кӣ мешавад? Душанбе рафта дар мактаби олӣ хондан ҳамту худаш намешад. Пул даркор! Ба пасу пешат нигоҳ карда, гап зан!»
Вале ман ҳамоно орзуи шарқшинос шуданро аз дил берун намекардам. Боре муаллимаи забони русиямон, ки худ славянитабор буданд, дар мавзуъи «Орзуи ман» иншо гирифтанд. Ман навиштам: «Я хочу поступить в факультет восточных языков Ленинградского государственного Университета имени Жданова». Фардои он рӯз муаллима бароям гуфтанд: «Стремись! Я обязательно, отвезу тебя в Ленинград!». (Саъй кун! Ман ҳатман туро ба Ленинград мебарам!)
“Мардон!”
Вале пас аз хатми имтиҳонҳо муаллима низ шояд саргарми ташвишҳои зиндагӣ шуда, аз ваъдаҳои додаашон фаромӯш карданд. Чун каси дигари раҳнамое надоштам, маҷбур шудам азми сафари Душанбе кунам. Субҳ соати 05:50 бо ҳавопаймои ТУ-134 аз Хуҷанд ҷониби Душанбе парвоз кардам. Пас аз аз чиҳил дақиқа дар парвозгаҳ фуруд омадем. Дар берун дар даст як ҷомадони калони пур аз китобу дафтарҳо ба умеди он, ки шояд ягон шиносеро бубинам, менишастам. Билохира, тақрибан соати 15:00 чашмам тасодуфан ба Мардони Муҳаммад афтод, ки онсӯтар, аз канори роҳ, миёни анбуҳи одамон, мегузашт.
– Мардон!,- аз дур фарёдаш кардам.
Вай маро аз овозам бишнохт.
-Ооо, ту инҷо чӣ кор мекунӣ?,- тааҷҷуб кард ӯ.
Гуфтам, ки хонданӣ омадам.
– Ягон ҷойи рафтанӣ дорӣ ё не?,- пурсид ӯ.
Гуфтам: Не!
Гуфт: Пас рафтем ба хонаи мо!
Мардон маро ба ҳавлии иҷораи худ, вокеъ дар кӯчаи Саидқул Турдиев-8 овард. Ҳарчанд ҳавлӣ дар маркази шаҳр, тақрибан 200 метр дуртар, дар қафои чойхонаи Роҳат ҷой гирифта буд, барқ надошт.
Субҳи рӯзи дигар Мардон пурсид: Ҳуҷҷатҳоятро куҷо супориданӣ ҳастӣ? Гуфтам: Шарқшиносӣ!
Гуфт: Дониши манро чӣ гуна баҳо медиҳӣ?
Гуфтам: Аъло!
Гуфт: Ана бо ҳамон дониши аъло ман ба шарқшиносӣ дохил шуда натавонистам. Зеро ҳамагӣ 25 нафар қабул мекунанд ва довталаб ҳазор нафар аст. Наметавонӣ дохил шудан! Одамат нест!
Гуфтам: Пас чӣ кор кунам?
Гуфт: Ҳуҷҷатҳоятро ба факултети филологияи тоҷик месупорем! Ман ҳам имсол онҷо супоридам.
“Шумова ҷавоб”
Ҳамин тавр, бо маслиҳату раҳнамоии Мардон донишҷӯ шудам. Ба дил гуфтам,ки чун шарқшинос нашудам, лоақал журналист шавам. Он солҳо пас аз хатми имтиҳонҳои курси якум аз донишҷӯёне, ки хоҳиши дар гуруҳи журналистика таҳсил кардан доштанд, дар мавзуъи озод иншо мегирифтанд. Тасодуф ҳамон рӯзи гирифтани иншо ман дар дарс набудаам. Фардои он рӯз вақте дарёфтам, ки имтиҳон шуда, зуд ба назди Худо биёмурзида бошадшон, муовини декан, устод Абдусаттор Нуралиев даромада, хоҳиш кардам,ки аз ман низ имтиҳон бигиранд. Гуфтанд, ки «як соат бароятон вақт аст. Аз ин се мавзуъе, ки ҳаст, якеро интихоб кунеду иншоро навишта оварда бисупоред!». Ҳамин тавр ҳам кардам. Пас аз як-ду рӯз боз ба назди устод Нуралиев даромадам. Паёмам доданд, ки аз имтиҳон баҳои «4» (чаҳор) бигрифтед ва аз якуми сентябр ба гуруҳи журналистика биёед!». Ман бесаброна хатми рӯзҳои таътилро интизорӣ мекашидам. Чун якуми сентябр шуд, вориди синфхонае шудам, ки онҷо журналистҳо ҷамъ омада буданд. Ба синфхона нафаре аз омӯзгорони кафедраи «Адабиёти халқҳои СССР ва журналистика» (чунин ном дошт он замон он кафедра) ворид шуд. Намедонам чаро нахустнигоҳаш бар ман афтод. «Ту аз куҷоӣ?» -суол кард омӯзгор. Гуфтам : «Аз Ашт». Гуфт: «Аз Ашт аллакай чор нафар аст ва нафари панҷум мумкин нест!».
Дар рӯйи мизи донишҷӯӣ бо худ як дафтари калони 96- саҳифагӣ доштам, ки онро он замон «обший тетрад( тарзи навишти русияш «общий тетрадь») меномидандаш. Дар варақҳояш он хабару маколаҳоеро, ки тайи чаҳор соли охир навишта будам, қайчӣ карда, часпонида будам. Хостам онро бигираму ба муаллим нишон бидиҳам, ки ман чаҳор сол садҳо мақола навиштаам ва ин рӯзро аз дер интизор будам! Вале ӯ гуфт: «Шумова ҷавоб!» (яъне аз синф берун баро!). Ман китобу дафтарамро ҷамъ карда, берун рафтам.
Баъди чанде навмедиҳо худро дар кафедраи «забони тоҷикӣ» номнавис намудам.
Пас аз мурури даҳсолаҳо вақте он рӯзро ба ёд меоварам, дилам фишурда мегардад. Ва аз як чиз афсӯс мехӯрам, ки чаро ҳамон лаҳза ба назди устод Воҳид Асрорӣ нарафтам, аз ҳодисаи рухдода хабар надодам, маслиҳат ва мадад напурсидам. Ин нахустин хатои ман дар даврони донишҷӯӣ буд, ки сарнавишти минбаъдаи маро тағйир дод. Агар дар ин кафедра таҳсил мекардам, шояд роҳи ман ба олами журналистика ҳамвортар мегардид. Ҳарчанд аз 25 нафар ҳамсабақҳои хатмкардаи он кафедра ду-се нафар журналист шуданд!
Фикр мекунам рӯзномаю маҷаллае намонда, ки дар он матлабҳои нима хому нима пухтаи мо чоп нашуда бошанд: «Машъал», «Пионери Тоҷикистон»( Анбоз), «Комсомоли Тоҷикистон»( Ҷавонони Тоҷикистон), «Тоҷикистони советӣ( Ҷумҳурият), «Омӯзгор», «Фирӯза», «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (Овози тоҷик) , «Нилуфар», «Вароруд», «Бизнес и политика», «События» , «Азия плюс», «Рӯзи нав», «Суғд», «Озодагон», «Нигоҳ», «Фараж» ва чандин ҷаридаи ноҳиявиву вилоятиву ҷумҳуриявиву хориҷӣ. Садҳо матлабҳои ин ҷониб дар бунгоҳҳои иттилоотии «Фергана.ру», «ВВС (бахши тоҷикӣ)», IWPR, Afganistan.today, ва ғайра нашр гардидаанд.. Чун хабарнигору мутарҷим ба бисёр кишварҳои дунё сафарҳои кориву эҷодӣ доштам.
Ғолиби озмуни рӯзноманигорӣ дар Бишкек
Ба андешаи соҳибназарон аксари матлабҳои мо ҷолиб буда ва шояд бошанд. Вале шояд дар назари баъзе аз доноёну фазлфурӯшону соҳибақлакҳои давр матлабҳои мо хуб набуда ва нестанд ва шояд ҳақ низ бошанд. Ин як амри табиист ва ҷойи тааҷҷуб ва гилагузорӣ надорад. Фикри ҳар кас ба қадри ҳиммати ӯст. Гузашта аз ин, ҳар ҷо, ки ҳабибест, ба паҳлӯш рақибест. Бахилу ҳасуд агар ҳеч баҳонае барои айбгузорӣ наёбад, ҳатман мегӯяд: «Думи сагаш каҷ!»
“Бо чӣ касоне ҳамкор мешудам?!”
Дар оғози матлаб сухан аз орзуи даврони навҷавонӣ- журналисти ҳирфавӣ шудан рафт. Оре, ман аслан журналисти ҳирфавӣ нестам. Забоншинос ҳастам. Дар дипломи донишгоҳиям вожаи «журналист» сабт нашуда.
Дар нимаи дуввуми даҳаи аввали солҳои 2000 боре профессор Матлубаи Мирзоюнус пешниҳод карданд, ки дар кафедраи журналистика каме дарс бигираму ба донишҷӯён таҷрубаи хешро интиқол бидиҳам. Дар соати муайяншуда ба ҷойи мулоқот омадам. Он замон мудири кафедра шодравон Марҳамат Ҳабибуллоева буданд. Муаллима пурсиданд, ки «Шумо факултети журналистикаи кадом донишгоҳро хатм кардаед?». Гуфтам, ки замони донишҷӯии мо дар Тоҷикистон чунин факултет вуҷуд надошт. Дар назди факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллӣ, дар назди кафедраи «Адабиёти халқҳои СССР ва журналистика» гуруҳе буд ва ман дар он гуруҳ набудам». Худо биёмурзад, муаллимаи азизро, ки гуфтанд: «Пас Шумо журналист нестед ва мо Шуморо ба кор қабул карда наметавонем!». Муаллимаи меҳрабон, инсони донишманду фозил, профессор Матлубаи Мирзоюнус, ки мубтакир ва шоҳиди ин суҳбати кутоҳакак буданд, дар ҳолати ногувор монданд. Ман барои ҳарду муаллимаҳои муҳтарам изҳори сипос кардаму берун рафтам. Агар дар дипломам вожаи «журналист» мебуд, шояд ҳамкори онҳо мешудам?!.
Вақте пой из остонаи бинои факултети филологияи Донишгоҳи Хуҷанд берун ниҳодам, вуҷудамро кадом як эҳсоси шодмонию фараҳу сурур фаро гирифт. Эҳсосе буд, ки гӯиё аз қафасу зиндон раҳо шуда бошам. Ба худ мегуфтам, ки ҳазор раҳмати Худой бар ту он нафари омӯзгор, ки маро замони донишҷӯӣ аз синфхона ронда будӣ. Вагарна, имрӯз бо чӣ касоне ҳамкор мешудам?!.
Чанд сол қабл дар яке аз кӯчаҳои Хуҷандшаҳр бо як нафар дӯсте рӯ ба рӯ омадам. Вай гила кард, ки «дирӯз чаро дар зиёфат набудӣ?» Гуфтам: «Кадом зиёфат ва дар куҷо?» Гуфт: «Дар тарабхонаи Наврӯзгоҳ барои 200 нафар журналист зиёфат доданд!» Суол кардамаш: «Магар дар вилояти мо инқадар журналист буда?» Гуфт: «Оре!». Гуфтамаш: «Агар дар вилоят 200 нафар журналист бошад, пас ман, воқеан, журналист нестам!»
Тилав Расулзода 

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.