«ТИЛЛОИ САФЕД» – БА ВАТАН. Бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ кишоварзон беш аз 33 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 11.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. То 6 сентябр дар ҷумҳурӣ ба миқдори 33 ҳазору 582 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 8,1 фоизи иҷрои дурнаморо ташкил медиҳад. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19 146 тонна зиёд мебошад. Дар ин бора аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба   АМИТ «Ховар» иттилоъ  доданд.

Тибқи маълумоти Раёсати растанипарварӣ, шурўъ аз моҳи август дар ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардида, муташаккилона идома дорад. Кишоварзон аз ин рӯзҳои офтобии моҳи сентябр самаранок истифода намуда, кӯшиш доранд ҳосили саҳроро ҳарчи тезтар ҷамъоварӣ намоянд.

Бино ба итттилои манбаъ, дар ин маъракаи муҳим  121 ҳазору 981 нафар чинакчиён ба ҷамъоварии пахта машғул мебошанд.

Бояд гуфт, ки пахта дар мамлакати мо зироати сердаромад ба ҳисоб  рафта, нахашро мефурӯшанд, аз пунбадонааш равған гирифта, кунҷораашро барои хӯроки чорво ва пояашро чун сӯзишворӣ истифода мебаранд. Аз ин рӯ онро “тиллои сафед”меноманд.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.