Тими Навалний дубора ба эътирозҳо даъват кард

Як раҳбари тими сиёсатмадори мунаққиди Кремлин Алексей Навалний гуфт, ки шеваи муборизаи онҳо тағйир меёбад ва сокинони кишварро дубора ба ширкат дар намоиши эътирозӣ даъват кард. Леонид Волков, ки ҳафтаи гузашта гуфт, дар намоишҳои эътирозӣ бо талаби озод шудани Навалний таътили муваққатӣ ҷорӣ мешавад, рӯзи 9 феврал эълон кард, ки таърихи нави эътирозҳо 14-уми феврал таъин шудааст. Волков гуфт, ки эътироз соати 8-и бегоҳи вақти маҳаллӣ шурӯъ шуда, 15 дақиқа идома мекунад. Дар ин лаҳзаҳо мардум ҷамъ омада, ба осмон фонусҳои худро рӯшан  ва аксҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунанд. Ин шеваи эътироз, қи дар Беларуси ҳамсоя барои норизоият аз  Александр Лукашенко ба кор бурда шудааст, бо ҳадафи пешгирии полис аз мудохила анҷом мешавад.

Волков дар изҳороти худ гуфт: “Путин тарсро ба силоҳи ягонаву асосии худ табдил додааст. Аз ин рӯ, мо бояд аз василаи қавитар аз тарс кор бигирем”. Навалнии 44-сола 17-уми январ баробари аз Берлин ба Маскав баргаштанаш боздошт шуд ва ба мӯҳлати 2 солу 8 моҳи зиндон маҳкум гардид. Навалний дар Берлин баъди заҳролудшавӣ бар асари заҳри низомие муолиҷа шуд ва дар Русия барои нақзи шароити ҳабси шартӣ бар асоси ҳукми соли 2014-и додгоҳ оид ба фасод муттаҳам ва зиндонӣ шуд.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.