Тирпаронӣ дар марз. Зани чоркӯҳӣ маҷрӯҳ шуд

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Имрӯз як сокини маҳаллаи Қақири ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара аз ҷониби шаҳрванди Қирғизстон бо яроқи оташфишон мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Ҳоли ӯ вазнин арзёбӣ мешавад. 

  • Ба иттилои маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳодиса соати 11:55-и  имрӯз сурат гирифта, “шаҳрванди Қирғизистон Бахтибеков Соат, сокини деҳаи Куктоши ҷамоати деҳоти Оқсой ба сӯйи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаропова Шукрона Зуҳурбоевна (Муътабархонуми Зуҳриддин), соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи маҳаллаи Қақири Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва коргари бригадаи №14-уми тухмипарварии ҳамин маҳалла тир кушода, ӯро аз қисмати рости баданаш захмӣ кардааст”.
  • Ба гуфтаи манбаъ, вазъи Шукрона Шаропова ҳоло “миёнаи вазнин” буда, дар беморхонаи шаҳрӣ бистарӣ гардидааст.
  • Ҷониби Тоҷикистон ин амали шаҳрванди Қирғизистонро “иғвоангезона” ва “нишонаи кӯшиши ба таври сунъӣ ноором кардани вазъият дар хати сарҳади давлатӣ” маънидод мекунанд. Ҳанӯз назари ҷониби Қирғизистон дар ин бора дастрас нест.
  • Бояд гуфт, ки дар 3 рӯзи охир ин дуюмин ҳолати тирпарронӣ аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон ҷониби тоҷикистониён аст, ки якшанбеи ҳафтаи гузашта як сарбози тоҷик аз тири сарбозони қирғиз захмӣ шуда буд.

The post Тирпаронӣ дар марз. Зани чоркӯҳӣ маҷрӯҳ шуд appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.