Тоқаев Ҷеенбековро “президенти қонунӣ”-и Қирғизистон номид

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев Сооронбой Ҷеенбековро “президенти қонунӣ”-и Қирғизистон номида, аз “амалҳояш роҷеъ ба қатъи низоу ба эътидол овардани вазъ дар он кишвар” ҷонибдорӣ кард.

Ин изҳорот дар саҳифаи расмии Тоқаев дар “Твиттер” нашр шудааст.

Президенти Қазоқистон дар як навиштаи дигараш аз баргашти вазъ дар Қирғизистон “ба маҷрои ҳуқуқ” истиқбол кардааст.

Пештар намояндаи дабири кулли СММ дар Осиёи Марказӣ Наталей Герман ҳам Ҷеенбековро “президенти қонунӣ”-и Қирғизистон номида буд.

Сафорати ИМА дар Қирғизистон ҳам бо нашри як изҳорот гуфт, ҷонибдори давраи гузариши осоишта ва демократӣ дар ин кишвар аст. Ҳамчунин аз таҳдидҳо ба сохти конститутсионии Қирғизистон нигаронӣ кард.

“Маълум аст, ки яке аз монеаҳо дар роҳи пешрафти демократӣ талоши гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ барои таъсир расондан ба сиёсату интихобот аст. Ин гуфтаҳоро харидани овозҳо дар интихоботи порлумонии 4 октябр, хушунат ва тарсондан дар майдони Ала-Тоо дар рӯзи 9 октябр, қонуншиканиҳо дар ҷаласаи порлумонии 10 октябр тасдиқ мекунанд”, – омадааст дар изҳорот.

ИМА гуфт, “аз талошҳои Ҷеенбеков, раҳбарони сиёсӣ, фаъолони маданӣ ва донишмандону ҳуқуқшиносон барои баргардонидани ҳаёти сиёсӣ ба чорчӯбаи Конститутсия ҷонибдорӣ мекунад”. ​

Пас аз интихоботи парлумонии 4 октябр неруҳои сиёсӣ ва ҷамъиятии ба натоиҷи он норизо рӯзи 5 октябр дар майдони марказии “Ала-Тоо”-и Бишкек гирдиҳамоии эътирозӣ созмон доданд. Наздикиҳои шом гирдиҳамоӣ ба бархӯрди эътирозгарону мақомоти ҳифзи ҳуқуқ табдил ёфт, шаби 6 октябр бошад, эътирозгарон бинои КДАМ ва “Қасри сафед”-ро, ки парлумон ва дастгоҳи президент онҷост, муҳосира карданд.

Инчунин, як қатор сиёсатмадор ва мансабдорони собиқ, аз ҷумла Содир Ҷапаров, ки 10 октябр ба маснади нахуствазир таъин гардид, аз маҳбасҳо раҳо гардиданд. Вазъ ҳанӯз ба эътидол наомадааст, зеро неруҳои сиёсӣ ба як қарори воҳид омада наметавонанд.

Шаби 9 октябр Соронбой Ҷеенбеков дар як изҳорот гуфт, “ҳар вақте кишвар ба масири қонунӣ баргардад”, омодааст аз мақоми худ истеъфо диҳад. 10 октябр бархе аз вакилони Жогорку Кенеш дар як ҷаласаи ғайринавбатӣ ҳайати ҳукуматро бо раҳбарии Содир Ҷапаров тасдиқ намуданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.