Тоҷикҳову украиниҳо дар талоши дарёфти шаҳрвандии Русия аввал шуданд

Cоли гузашта тоҷикҳо ва украиниҳо беш аз ҳама шаҳрвандии Русияро соҳиб шудаанд. Дар ин бора вебсайти RT бо такя ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия иттилоъ додаастТо. Мудири Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи аҳолии Донишгоҳи давлатии Маскав мегӯяд, зодагони Тоҷикистон ва Украина  бо шумули Қазоқистон ва Арманистон, дар гирифтани шиносномаи русӣ аз ин пештар ҳам пешсаф буданд. Тибқи  маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, дар ду моҳи соли ҷорӣ наздики 100 ҳазор зодагони кишварҳои хориҷӣ  шаҳрвандии Русияро соҳиб шуданд. Дар 12 моҳи соли 2020 беш аз 656 ҳазор шиносномаи русиро ба даст оварданд. Аз ин миён 62 фоийзашро украиниҳо ташкил дода,  63 ҳазор тоҷикон ва 43 ҳазор қазоқҳо будаанд. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.