Тоҷикдухтар қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокс. Ӯ медали тиллоияшро ба модараш бахшид

Миҷгона Самадова бо китфи латхурдааш то охири мусобиқа рафт ва пирӯзии ба модар ваъдакардаашро соҳиб шуд. Ӯ ба Тоҷикистон медали қаҳрамонии ҷаҳон оид ба боксро овард. Новобаста аз ғолибият Миҷгона намехоҳад, ки то охир дар варзиш бимонад, ӯ мегӯяд агар дар мусобиқоти олимпии оянда ғолиб ояд, варзишро тарк мекунад.

Миҷгона ба Your.tj  дар бораи фаъолияти варзишиаш дар риштаи кикбоксинг ва тэквандову бокс қисса кард.

Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт аз 7-ум то 11-уми декабри соли равон дар шаҳри Нижневартовски Русия баргузор шуд. Дар мусобиқа, ки аз рӯи 13 категорияи вазнӣ миёни мардҳо ва 6 категорияи вазнӣ миёни бонувон сурат гирифт, 139 варзишгар (105 мард, 34 зан) аз 16 кишвар ширкат карданд.

Бо китфи дардманд – қаҳрамони ҷаҳон

Миҷгона Самадова дар вазни 57 кило миёни бонувон муҳориба карда, дар даври аввал ба рақиби муғулистонии худ Мишидма Эрденеделай, дар чорякфинал ба Моника Серафин (Полша), дар нимфинал ба варзишагардухтари русиягӣ Малика Шаҳидова ва дар финал, ки рӯзи 11-уми декабр баргузор гардид ба варзишгари муғултабор Мунгунсаран Балсан дастболо шуд.

Миҷгона мегӯяд, ки ҳарчанд дар мусобиқа аз китфаш лат хурда буд, кӯшиш кард, ки то охир ҷасур  бошад ва ғолиб ояд.

“Ман тамоми қувваамро сарф кардам, то дар ин мусобиқа ғолиб оям. Чун ба модарам ваъда дода будам, ки бо медали тилло бармегардам. Ман ин мусобиқа ва медали тиллоро ба модарам мебахшам”, – мегӯяд, Миҷгона.

Аввалин тоҷикдухтар бо медали тилло

Миҷгона яке аз варзишгаронест, ки аввалин маротиба медали тиллоро аз намуди варзиши кикбоксинг миёни духтарон ба Тоҷикистон оварда буд.

“Соли 2017 дар  мусобиқаи бозиҳои Осиёӣ дар шаҳри Ишқобод, ки варзишгарон қариб аз 200 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд, ширкат кардам ва ба ҳама ҳарифони худ ғолиб омада, соҳиби медали тилло шудам. Ба ҳамин васила аввалин бонуе шудам, ки аз намуди кикбоксинг ба ватан медали тиллоро овардам”, – нақл мекунад, варзишгар.

Пас аз ин ғолибият Миҷгона бо кӯмаки вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода ба Академияи ВКД- и Тоҷикистон дохил мешавад. Миҷгона аз хурдсолӣ мехост ҳуқуқшинос шавад.

“Баъд аз ғолиб  шудан дар мусобиқа ва медали тилло овардан ба Ватан Рамазон Раҳимзода маро дастгирӣ карданд, то ки дар Академия Вазорати корҳои дохилаи кишвар таҳсил намоям. Айни ҳол дар курсӣ 4-ми факултети ҳуқуқшиносӣ таҳсил карда истодаам”,- мегӯяд, Миҷгона.

Миҷгона 14 сол мешавад, ки ба варзиш машғул аст. Ба дунёи варзиш ӯро бародараш овардааст. Аввалан ӯ аз намуди муҳорибаи тан ба тан,  кикбоксинг тамрин мекард, баъдан ба таэквондо рағбат пайдо кард. Ӯ дар мусобиқаҳои дохиливу хориҷи муҳорибаи тан ба тан 7 сол баромад карда, чор маротиба қаҳрамони ҷаҳон, ду маротиба қаҳрамони Осиё ва чандин маротиба қаҳрамони Тоҷикистон шудааст.

Роҳ ба сӯйи бозиҳои олимпӣ

Чун таэквондо ва кикбоксинг ба намуди бозиҳои олимпӣ дохил намешаванд, Миҷгона ба бокс рӯ овард, то дар мусобиқоти олимпии байналмиллалӣ ширкат кунад.

Миҷгона зиёд мехост дар бозиҳои олимпии Токио-2020 ширкат кунад, аммо аз сабаби пандемия олимпиадае, ки бояд ӯ иштирок  мекард ба таъхир гузошта шуд. Аз ҳамин  хотир ӯ натавонист дар бозиҳои олимпии Токио-2020 иштирок кунад.

“Ман руҳафтода нестам, ки иштирок карда натавонистам. Ният дорам, ки дар олимпиадаи навбатӣ – Париж- 2024 соҳиби роҳхат шавам ва албатта барои ин тамоми кӯшишамро ба харҷ медиҳам”, – мегӯяд, Миҷгона.

Тавре қаҳрамони  мо нақл кард аз сабаби оне, ки якбора ба чанд намуди варзиш машғул аст баъзан дар мусобиқот, услуҳоро омода мекунад.

“Масалан баъзан ҳангоми бокс поямро мебардоштам ё ин ки баръакс дар кикбогсингу таэквондо усулҳои боксро истифода мекардам. Вале ҳоло ба ҳамааш одат кардааму дигар омехта намекунам”, – бо завқ нақл мекунад, Миҷгона.

Нияти тарки варзиш

Миҷгона мегӯяд, ки агар дар якчанд мусобиқоти олимпии оянда, ки нияти дар онҳо ширкат кардан дорад, ғолиб ояд, бо ҳамин корномаи варзишиашро қатъ мекунад.

“Охирин мусобиқаамро низ ба модарам бахшиданиам, чун аз ҳама зиёд барои ман хавотир мешавад. Дар ҳар мусобиқае, ки ман зарб мехӯрам модарам мегӯянд, ки бас кунам ва дигар ба варзиш машғул нашавам. Мумкин пас аз расидан ба ҳадафҳоям танҳо барои худам тамрин кунам, вале дар мусобиқот иштирок намекунам”, – шарҳ дод, Миҷгона Самадова.

Аминҷон Раҳматзода

Сообщение Тоҷикдухтар қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокс. Ӯ медали тиллоияшро ба модараш бахшид появились сначала на YOUR.

Манбаъ: Your.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.