«Тоҷикфилм» кинотеатри замонавӣ таъсис медиҳад

ДУШАНБЕ, 18.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» тасмим гирифтааст, ки дар заминаи толори якуми муассиса (салони намоиш) кинотеатри замонавӣ таъсис диҳад.  Дар ин бора директори  Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён зимни ҷаласа дар ин ниҳод иттилоъ дод.

Мавсуф  зикр кард, ки таъсиси кинотеатр дар «Тоҷикфилм» саривақтӣ мебошад. Зеро барои баргузории  фестивалҳои  синамоӣ ва ҳафтаи филмҳои мамлакатҳои ба мо дӯст мавҷуд будани кинотеатри замонавӣ ба манфиати кор  аст.

Кинотеатри замонавӣ бо назардошти беш аз 200 ҷойи нишаст сохта шуда, дар он насби таҷҳизоти садоии 5Х1 ва экрани васеъ, курсиҳои бароҳат бо шароити зарурӣ  ва  мувофиқ ба талаботи замон таъмин карда  мешавад.

Бояд гуфт, ки дар шаҳри Душанбе кинотеатрҳои замонавӣ ангуштшумор мебошанд. Аз ин рӯ ин иқдоми «Тоҷикфилм» ба манфиати  муассиса ва ҷомеа мебошад.

 

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.