Тоҷикистон: 10 рӯз бе коронавирус

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон маълумоти охирро дар бораи сироятёфтагон аз коронавирус дар кишвар нашр кард. 10 рӯзи охир дар Тоҷикистон гирифторшудагони нав ба коронавирус қайд нашудааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар хабар дод.

Бино ба маълумоти вазорат, то 20-уми январи соли равон дар Тоҷикистон 13 308 нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд, ки 13 218 нафар шифо ёфтаанд. Се мавриди охирини сироятёфтагони коронавирусро табибон 10-уми январ сабт кардаанд.

Бояд гуфт, ки якумин сироятёфта аз коронавирусро дар Тоҷикистон 30-юми апрели соли 2020 ба қайд гирифта буданд. Бино ба маълумоти Вазорати тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз оғози ҳамагир шудани коронавирус то ин ҷониб аз бемории мазкур дар кишварамон 90 нафар фавтидаанд.

Ёдрас мешавем, ки аввалин маротиба хуруҷи коронавирус дар Чин дар охири соли 2019 ба қайд гирифта шуд. Манбаи паҳншавии сироят шаҳри Ухан дар музофоти Хубей буд.

Сообщение Тоҷикистон: 10 рӯз бе коронавирус появились сначала на Фараж.

Манбаъ: Faraj.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.