Тоҷикистон аз Бонки Авруосиёи Рушд $50 млн қарз мегирад

Тоҷикистон бо ҳадафи коҳиши паёмадҳои пандемияи COVID-19 ва дастгири будҷаи давлатӣ, аз Бонки Авруосиёии Рушд 50 миллион доллар қарз мегирад. 

Вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони кишвар рӯзи 8-уми октябр аз лоиҳаи созишномаи қарзӣ миёни Тоҷикистону Бонки Авруосиёии Рушд ҷонибдорӣ намуданд. 

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ҳангоми муаррифии созишнома гуфт, ин қарз имтиёзнок буда, мӯҳлати баргардонидани он 20 солро дарбар мегирад. 

Ба гуфтаи Қаҳҳорзода, 50 миллион доллар қарзи имтиёзнок барои пӯшонидани касри будҷа, дастгирии будҷаи давлатӣ дар шароити пандемияи COVID-19 ва коҳиши оқибатҳои манфии ин беморӣ ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ истифода хоҳад шуд. 

Вазири молия мегӯяд, чунин қарзи имтиёзнок дар шароити мушкили иқтисодӣ-молиявии ҷаҳон, ки бо сар задани бемории СOVID-19  ба миён омадааст, барои ҳалли мушкилоти молиявии давлат заминаи мусоид фароҳам меорад.

Масъулони Бонки Миллии Тоҷикистон дар моҳи август эълон карда буданд, ки кишвару созмонҳои байнулмилалии молӣ аз оғози пандемияи коронавирус ба кишвар беш аз 300 доллар қарзу грант додаанд.

Интиқодҳо аз набуди шаффофият ба ҳангоми тақдими ёриҳои башарӣ ва тақсими одилонаи онҳо ҳам гоҳо садо медиҳад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.