Тоҷикистон аз сиёсатмадорони Қирғизистон хост, дар бораи марз “санҷида сухан бигӯянд”

Вазорати умури Тоҷикистон аз сиёсатмадорону мақомоти расмии Қирғизистон хостааст, аз баёнияҳои носанҷида дар бораи таъйину аломатгузории марзи ду кишвар парҳез кунанд, зеро метавонанд, сабаби ҷанҷолу муноқиша ва нооромӣ дар маҳаллаҳои наздисарҳадӣ шаванд. Вазорат рӯзи 10-уми феврал бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайташ гуфт: “Вазорат қотеона аз шахсиятҳои сиёсии кишвари ҳамсоя даъват мекунад, ки дар ҳар гуна изҳороту суханронӣ дар бораи марзи Тоҷикистону Қирғизистон бисёр эҳтиёткор бошанд, зеро паҳн кардани ҳаргуна иттилои носанҷида ба ноором шудани вазъ дар манотиқи наздисарҳадии ду кишвари бародар мусоидат мекунад.”

Сокинони рустоҳои наздимарзии ду тараф дар шимоли Тоҷикистон то кунун барои замину роҳу чарогоҳ ва об ҷангу даъво ва хунрезӣ кардаанд. Баёнияи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон баъди он нашр шуд, ки аввал Улуғбек Марипов нахуствазир ва сипас Тозабек Икромов, як вакили мардумӣ дар порлумони Қирғизистон роҷеъ ба масъалаи таъйину аломатгузории марз бо Тоҷикистон суҳбат кардан ва баҳс ва эътирозҳои хурдеро дар кишварашон барангехтанд.

Вазорати умури хориҷӣ гуфтааст, баёнияи Тозабек Икромов дар бораи ба Тоҷикистон додани саргаҳи обанбори Торткӯл, ки як наҳри он аз минтақаҳои аломатгузориношуда бо марзи Тоҷикистон дар ноҳияи Исфара мегузарад, асосе надорад. Дар ин баёния омадааст, ки изҳороти сиёсатмадорони алоҳидаи Қирғизистон дар бораи ба ихтиёри Тоҷикистон додани наҳри саргаҳи обанбори Торткӯл дуруст нест, зеро таъйину аломатгузории марз дар ин ҷо хотима наёфтааст ва музокироти ҳайатҳои ду кишвар дар масоили сарҳадӣ идома дорад.

Рӯзи 4-уми феврал нахуствазири Қирғизистон дар бораи ба Тоҷикистон супурдани як наҳре суҳбат кард, ки ба обанбори Торткӯл мерезад ва ин масъаларо дорои аҳамияти стратегӣ номид. Сипас Тозабек Икромов, вакили порлумон порлумон хост, комиссияи махсус таъсис шавад ва аз ҳукумат бихоҳад, ки ин масъалаи стратегӣ ва моҷарои атрофи Торткӯлро шарҳ диҳад.  Баъдан баҳсу кашмакаш дар бораи таҳрифи баёнияҳову ғалат тафсир кардани онҳо дар байни сиёсатмадорони Қирғизистон печид ва сабаби эътирозҳои гуруҳи хурде аз сокинони вилояти Ботканд дар марзи Тоҷикистон шуд.

Марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр аст, вале то кунун бештар аз нисфи он ё 504 километр муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Азбаски хати марз аз байни рустову, роҳу ҳавлии мардум мегузарад, ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба мувофиқа бирасанд ва хатти марзро бикашанд. Ба сабаби афзоиши аҳолӣ, камтар шудани манобеи табиӣ, ба мисли обу чарогоҳ миёни сокинони рустоҳои марзӣ дар вилояти Ботканди Қирғизистон ва Суғди Тоҷикистон борҳо ҷангу хунрезӣ сурат гирифтааст ва ба он марзбонону маъмурони милисаи ду тараф низ ҳамроҳ шуда, кушта ва ё захмӣ гаштаанд.

Гузориш такмил мешавад, бозгашт ба саҳифаи Радиои Озодиро фаромӯш накунед.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.