Тоҷикистон ба 700 ҳазор дона воксинаи СҶТ умедвор шуда метавонад

Барномаи COVAX-и зери назари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ  рӯзи 3 феврал   тартиби тақсими  тахминии 96  миллион ваксинаи зиди коронавирусро байни кишварҳои ширкатдори ин барнома нашр кард. Қарор аст,  марҳилаи аввали интиқоли ваксинаи “AstraZeneca” моҳи ҷорӣ оғоз шуда, беш аз 3 фоийзи аҳолии 145 давлатро фаро бигирад. Интизор меравад, ки Тоҷикистон 732 ҳазор дона  ваксинаро дарёфт кунад.  Қаблан  вазорати тандурустии Тоҷикисон гуфта буд,  қарор аст  20 фойизи аҳолии Тоҷикистон аз COVID-19 эм карда шаванд.  Вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода гуфтааст, маъракаи эмгузаронӣ дар нимаи соли ҷорӣ сурат гирифта, 1 миллиону 800 нафарро фаро хоҳад гирифт. Ба қавли вазир, дар марҳилаи аввал кормандони тиб, омӯзгорон,  афроди дорои бемориҳои музмин ва онҳое,  ки аз 50-сола боло ҳастанд, ваксина мегиранд. Маълум нест, ки оё ин воксинаҳо ройгон ваё бо пул дода мешаванд. Мақомот ин масъаларо шарҳ надодаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.