Тоҷикистон барои бозбинии нархи нерӯи барқ як гуруҳи корӣ ташкил дод

Дар Тоҷикистон барои бозбинии нархи истифодаи нерӯи барқ бо дастури нахуствазир Қоҳир Расулзода як гуруҳи корӣ таъсис ёфтааст.

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, ба ҳайати ин гуруҳ намояндагони вазоратҳо ва ниҳодҳои зиддахл шомил шудаанд. Тули солҳои 2010-2019 нархи як киловатт/соат нерӯи барқро барои сокинон Тоҷикистон аз 9 дирам то 22 дирам гарон карда шуд. Ба ҳисоби ширкати “Барқи Тоҷик”, нархи ҳар як киловатт/соат барқи тавлидкардааш 28 дирам арзиш дорад, вале бо нархи аз ин арзонтар ба сокинон барқ фурӯхта мешавад ва аз ин рӯ ба ҷойи фоида зарар мебинад.

Тоҷикистон бо машварат ва тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ дар баробари боло бурдани нархи нерӯи барқ барои хонаводаҳое, ки расман нодор эътироф шудаанд, бояд моҳе пули то 250 киловатт/соат нерӯи барқро ҷуброн кунад, аммо ин тарҳ то кунун на дар ҳама минтақаҳои кишвар иҷро шудааст. Гузашта аз ин, солҳост сокинони Тоҷикистон дар фасли сармо аз камбуди нерӯи барқ азият мекашанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.