Тоҷикистон барои “Роғун” аз хориҷа сармоягузор меҷӯяд

Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, барои идомаи маблағгузории сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» бо сармоягузорони хориҷӣ мувофиқа ҳосил шудааст.

Ҷамшед Каримзода, мувоини вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 19-уми феврал зимни нишасте дар Душанбе ба хабарнигорон дар ин бора итилоъ дод, вале нагуфт, Тоҷикистон бо кадом давлат ва ё сармоягузори хориҷӣ барои сармоягузории сохтмони Роғун музокирот пеш мебарад. Ҳоло Тоҷикистон бо истифода аз маблағҳои будҷаи давлат сохтмони нерӯгоҳи Роғунро идома дода истодааст.

Каримзода гуфт, соли гузаштаи 2020 Тоҷикистон барои эҳдоси нерӯгоҳи «Роғун» 3,2 миллиард доллар, ҳудуди 290 миллион доллар харҷ кардааст: 2,2 миллиард сомонӣ аз будҷа ва 1 миллиард сомонӣ аз ҳисоби захираҳои байналмилалии молии кишвар. Ба гуфтаи ин мақомдори вазорат соли ҷорӣ Тоҷикистон аз ҳисоби будҷа барои сохтмони нерӯгоҳ 2,1 миллиард сомонӣ пул хаҷр хоҳад кард. Каримзода афзуд, новобаста аз имконияти маҳдуди молиявӣ Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳи “Роғун”-ро идома хоҳад дод.

Қаблан Вазорати молия дар як изҳороте гуфта буд, барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” талош доранд аз бонки Олмонии Landesbank Baden ва Швейтсарии Credit Suisse 340 миллион евро қарз ба даст оранд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, Тоҷикистон аз соли 2008 замони оғози корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи “Роғун” 25,3 миллирад сомонӣ харҷ кардааст. Ду чархаи нерӯгоҳи «Роғун», ки аввалӣ соли 2018 ва дуввумӣ соли 2019 ба кор надохта шуд, то кунун 2,5 миллиард киловатт/соат нерӯи барқ бо арзиши 500 миллион сомонӣ тавлид кардааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.