Тоҷикистон барои ваксиназанӣ аз Бонки Ҷаҳонӣ $23 млн қарзи бебозгашт хостааст

Тоҷикистон барои ваксинзанӣ ба муқобили COVID-19 аз Бонки ҷаҳонӣ 21,3 миллион доллар маблағҳои бебозгашт ё грантӣ дархост кардааст. Дар ин бора Ҷамшед Каримзода, муовини аввали Вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 19-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, бо ин маблағ дар назар аст беш аз 1 миллиону 800 ҳазор ва ё 20 дарсади аҳолии кишвар ба ваксинзанӣ фаро гирифта шаванд.

Намояндагони вазорат дақиқ нагуфтанд, ки ваксиназанӣ ройгон сурат мегирад ё на. Танҳо таъкид намуданд, ки феълан масъалаи дарёфти маблағ дар баррасӣ аст ва бо дастрас намудани он, гомҳои баъдӣ дар ин самт рӯшан хоҳад шуд.  

Қаблан Бонки ҷаҳонӣ хабар дода буд, ки барои ваксинзанӣ ба муқобили COVID-19 ба Тоҷикистон беш аз 8 миллион доллар кӯмаки бебозгашт медиҳад. Ин созмони байналмилалии молӣ мегӯяд, аз ҳисоби ин маблағҳо пизишкон, муаллимон, афроди бознишаста ва дорои бемориҳои музмин бар зидди коронавирус эм карда мешаванд.  

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал дар дар як нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки Душанбе барои харидани ваксинаи “Sputnik V” бо мақомоти Русия музокирот дорад. Вай афзуд, Тоҷикистон 20 дарсад ваксинаи заруриро дар доираи барномаи COVAX-и Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ бепул дастрас мекунад, вале боқимондаро бояд бихарад. Ба қавли вазири тандурустӣ, тавассути барномаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ваксинаи AstraZeneca мегиранд.

Қаблан СҶТ хабар дод, ки ба Тоҷикистон, ҳамчун узви барномаи COVAX, дар навбати аввал беш аз 730 ҳазор ваксина фиристода мешавад. Ба иттилои мақомоти тандурустӣ, интизор меравад, қисми аввали ваксинаҳо охири моҳи феврал ва аввали моҳи марти имсол ба кишвар ворид карда шавад. 

Дархости мақомот барои дарёфти миллионҳо доллар бо ҳадафи ваксинзанӣ дар ҳолест, ки соли гузашта ба хотири дастгирии будҷаи давлатӣ Тоҷикистон дар ҳаҷми 342 миллион доллар маблағ дарёфт намудааст. Бахши аъзами ин маблағро кӯмаку грантҳои бебозгашт ташкил медиҳад, ки масъалаи тақсими одилонаи он дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста баҳсу баррасӣ мешавад.  

Ҳафтаҳои ахир мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки дар кишвар ҳолати фавт ва сиротяёбӣ аз бемории COVID-19 сабт нашудааст. Ба маълумоти  Вазорати тандурустӣ дар Тоҷикистон, то кунун 13308 нафар ба COVID-19 гирифтор шуда ва 90 нафари онҳо фавтидаанд. Оморе, ки бар дурустии он бархе мутахассисону сокинон шубҳа дошта, мегӯянд, миқёси талафоту беморӣ бузургтар аз он аст, ки мақомот мегӯянд.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.