Тоҷикистон дар размоишҳои СПАД дар Қирғизистон ширкат намекунад

Тоҷикистон дар размоишҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ, ки аз 7 то 9 сентябр дар Қирғизистон баргузор мешаванд, ширкат намекунад.

Дар ин бора Нурлан Кирешеев, муовини вазири мудофиаи Қирғизистон рӯзи 6 сентябр хабар дод. Вай сабаби ширкат накардани низомиҳои Тоҷикистонро дар размоишҳо шарҳ надод, аммо илова кард, ки неруҳои Қирғизистон дар размоишҳое, ки дар Тоҷикистон баргузор мешаванд, ширкат хоҳанд кард.

Дар моҳи октябр дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон баргузории размоишҳои неруҳои СПАД дар назар аст. Дар размоиши рӯзҳои 7-9 сентябр низомиҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва ситоди муттаҳидаи СПАД ширкат мекунад.

Дар моҳи август Қазоқистону Узбекистон дар алоҳидагӣ размоиш баргузор карданд. Дар Тоҷикистон низ дар якҷогӣ бо низомиҳои Узбекистону Русия размоиш баргузор шуд.

Санҷиши омодабоши неруҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сояи ҳодисоти Афғонистон, ки моҳи гузашта гуруҳи “Толибон” он ҷо сари қудрат омад, афзудааст.

Дар СПАД Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон узв ҳастанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.