Тоҷикистон хабари забт шудани дидбонгоҳи “Хоҷаи Аъло”-ро рад кард

Неруҳои марзбонии Тоҷикистон хабари мақомоти Қирғизистон дар бораи забти дидбонгоҳи сарҳадии “Хоҷаи Аъло”-ро бардуруғ хонд. Мақомоти Қирғизистон пештар гуфтанд, дар ҷараёни муноқишаи рӯзи 29-уми апрел неруҳои вижаи “Бору” дидбонгоҳи “Хоҷаи Аъло”-ро ба даст овардаанд.

Дафтари матбуоти Неруҳои марзбонӣ нимашаби 30-юми апрел бо нашри баёнияе гуфт, хабари забти посбонгоҳи сарҳадии “Хоҷаи Аъло” “маълумоти бардурӯғ (фейк) аст, ки характери иғвоангезона дорад.”

Ҷониби Қирғизистон ба ин хабар ҳанӯз вокуниш накардааст. Аммо рӯзи 29-уми апрел Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба тарафи постгоҳҳои сарҳадии “Капчигай”, “Мин-Булак”, “Достук” оташ кушоданд. Ба навиштаи расонаҳои Қирғизистон, дар натиҷа бинои постгоҳи “Достук” оташ гирифт. Хадамоти марзбонии Қирғизистон он вақт хабар дода буд, ки неруҳои вижаи марзбонии ин кишвар “Бору” дар посух ба амалкарди неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, дидбонгоҳи “Хоҷаи Аъло”-ро забт карданд.

Феълан дақиқ нест, ки ду рӯз қабл дар дидбонгоҳи “Хоҷаи Аъло” чӣ гузашта буд. Идораи марзбонии Қирғизистон, ки аз забти дидбонгоҳ хабар дод, ҳеч аксу наворе нашр накардааст. Ҳамчунин маълум нест, ки мақомоти Тоҷикистон чаро бо гузашти ду рӯз ин хабарро рад мекунанд.

Низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел дар наздикии дарғот ё Маркази тақсими об шуруъ шуда, рӯзи 29-уми апрел идома кард. Ҳайатҳои ду кишвар бегоҳи 30-юми апрел эълон карданд, ки неруҳои иловагиро аз минтақаи марзӣ берун оварда, равуои сокинонро ба роҳ мемонанд. Дар назар аст, ки имрӯз 1-уми май гуфтугӯи мақомоти тоҷику қирғиз бар сари масъалаи марз идома кунад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.