Тоҷикистон имсол аз ҳисоби фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсоя фоидаи бештар гирифтааст

Русия амволи пойгоҳи низомии 201 – умро ба Тоҷикистон месупорад

Ҳукумати Русия бинову иншооти шаҳраки низомӣ ва машқгоҳи пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Кӯлобу Муъминободро ба Тоҷикистон месупорад. Ин иқдом баъди берун шудани сарбозони рус аз ин пойгоҳҳо рӯи даст гирифта шуд. Вакилони парлумон қарори супоридани амволро имрӯз, 15 декабр дар ҷаласаи парлумон қабул карданд.

Эмомалӣ Собирзода, муовини якуми вазири дифои Тоҷикистон дар ҳузури вакилон, дар шарҳи созишноми Тоҷикистону Русия дар мавриди супоридани амволи ғайриманқули пойгоҳи ҳарбии Русия гуфт, амвол аз иншооти гуногун, аз қабили хобгоҳу хонаҳои истиқоматӣ, амбори нигоҳдории маводи ақибгоҳӣ, нуқтаи тиббӣ, зеристгоҳи барқӣ, қитаъҳои замин ва дигар инфрасотхтори марбутаи низомӣ иборат аст.

Гуфта мешавад, ки барои қабули амвол комиссияи муштарак таъсис мешавад.

– Як қисми амволи ғайриманқули пойгоҳ замони будубоши афсарони ин пойгоҳ дар Кӯлоб сохта шудаанд ва қисми дигар моликияти худи Тоҷикистон аст, пурра ба Тоҷикистон дар ҳолати воқеӣ баргардонида мешавад. Амволи озодгардида ба қисму воҳидҳои ҳарбии Вазорати дифои Тоҷикистон дода мешавад,- гуфт муовини якуми вазири дифоъ.

Дар санади бозпас гирифтани амволи ғайриманқул ки ҳукумати Тоҷикистон моҳи июни соли равон дар пойгоҳи маълумоти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр намуд, гуфта мешавад, ки дар маҷмӯъ ҳукумати Тоҷикистон 103 бинову иншооти воқеъ дар қаламрави шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Муъминободро ба ихтиёри худ мегирад.

Майдони умумии ин бинову иншоот дар қаламрави шаҳри Кӯлоб ҳудуди 40 метри мураббаъ ва майдони умумии шаҳраки ҳарбӣ ва машқгоҳ дар ноҳияи Муъминобод – 650 километри мураббаъро ташкил медиҳад.

Тоҷикистон имсол аз ҳисоби фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсоя фоидаи бештар гирифтааст

Тоҷикистон дар 11 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсоя 93,5 миллион доллар фоида гирифтааст.

Бино ба иттилоъи мақомоти бахши энержии кишвар ин маблағ нисбат ба як соли пеш 40,5 миллион доллар бештар мебошад.

Ниҳодҳои марбута маълумот дар бораи ҳаҷми интиқоли нерӯи барқро ошкор накарда, танҳо таъкид менамоянд, ки он ба Афғонистон ва Узбекистон интиқол дода шудааст.

Тибқи омори расмӣ, дар ин муддат дар Тоҷикистон ҳудуди 19 миллиард киловат соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки дар қиёс бо соли гузашта 5,7 дар сад бештар мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон аз моҳи октябр ба ин тараф сокинони деҳот бо маҳдудият нерӯи барқ мегиранд, ҳарчанд дар бораи ҷорӣ шудани “лимит” расман эълон нашудааст.

“Барқи тоҷик” ваъда дода буд, ки то шурӯи фасли зимистон корҳои таъмириро ба анҷом расонда, мардумро пурра бо барқ таъмин хоҳанд кард.

Падари Кимроншоҳ Устопириён ба содир кардани садамае, ки як нафар фавтидааст, муттаҳам мешавад

Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар медиҳад, ки бар асари як садамаи нақлиётӣ як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зери чархи мошини Усто Устопиров, мураббии шоистаи варзиши Тоҷикистон  ҷон бохтааст. Мақомоти милиса ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардааст, ки садама бо айби Усто Устопиров рух додааст ё пиёдагузар.

Садамаи нақлиётӣ соати 20:30 дақиқаи рӯзи 10-уми декабр дар ҳудуди ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст, дар натиҷа як марди 50-солаи ин ҷамоат дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтааст.

“Усто Устопиров, таҳти идораи автомашинаи “Киа Спортейҷ” рақами қайди давлатиаш ТҶ 0082 ВО02 ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, километри 296, ҳудуди ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагард Баҳром Ҳоҷиев соли таваллудаш 1971, сокини ҷамоати Ёваро, ки аз тарафи рост ба чапи роҳ мегузашт, пахш намуд. Дар натиҷа пиёдагард аз ҷароҳати бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.”-гуфт, гуфтааст манбаъ аз  Раёсати корҳои дохила.

Ҷузъиёти дигари ҳодиса феълан маълум нест ва гуфта нашудааст, ки ҳоло Усто Устопиров дар боздошт қарор дорад ё дар озодӣ.

Феълан Раёсати корҳои дохила ба таҳқиқи садама шурӯъ карда нақлиёти таҳти идораи Усто Устопировро ба экспертизаи автотехникӣ супурдаанд. То кунун парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст.

Туркманистон роҳҳояшро барои Тоҷикистон боз мекунад

Интизор меравад рӯзҳои наздик байни Туркманистону Ӯзбекистону Тоҷикистону Чин ва баръакс даҳлези чандваҷҳа (мултимодалӣ)-и интиқоли борҳо ташкил шавад. Дар ин бора имрӯз, 15 декабр вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим дар ҳузури вакилони парлумон хабар дод.

Номбурда гуфт, ки дар ин росто, аллакай чанд вохӯрии маҷозии коршиносони кишварҳо доир гардид ва вохӯрии ҳузурии ҷонибҳо рӯзҳои наздик дар Душанбе мегузарад.

– Интиқоли мултимодалии борҳо тавассути роҳи оҳан аз Туркманистон то ба истгоҳи роҳи оҳани Кӯлоби Тоҷикистон ва сипас тавассути роҳи автомобилгард ба Хитой дар назар аст. Иқтидорӣ истгоҳи роҳи оҳани Кӯлоб дар як шабонарӯз тахминан 3 ҳазору 600 тоннаро ташкил медиҳад,-гуфт Азим Иброҳим.

Вазири нақлиёти кишвар ҳамчунин, дар назди вакилон созишнома дар мавриди ҳамлу нақл, транзити мол ва мусофирон байни Тоҷикистону Туркманистонро муаррифи кард, ки дар асоси он муносибат дар соҳаи нақлиёти ду кишвар пурра барқарор мешавад.

Ӯ гуфт, созишнома аз лиҳози иқтисодӣ ва сиёсӣ манфиатовар буда, он бо мақсади барқарор шудани муносибатҳо дар соҳаи нақлиёт ва рушди иқтисодиёти ҳарду кишвар амалӣ мегардад.

– Тарафҳо уҳдадоранд, ки бо мақсади густариши дуҷониба дар соҳаи нақлиёт, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои ҳамлу нақли байналмилалӣ ва транзит, барои беҳтари намудани роҳҳо ва шоҳроҳҳо, таъмини марказҳои хизматрасонӣ ва бехатарии ҳамлу нақл чораҳои заруриро андешанд,-зикр кард вазири нақлиёт.

Гуфта шуд, ки интиқолдиҳандагони ватаниву хориҷӣ тавассути ҳудуди Туркманистон асосан интиқоли борро ба/аз самтҳои Эрон, Туркия, Озорбойҷон ва Гурҷистон анҷом медиҳанд.

Ба гуфтаи Азим Иброҳим бо қабули созишномаи мазкур имконият фароҳам мешавад, ки молу маҳсулоти Тоҷикистон бо истифода аз бандари “Туркмонбошӣ” тавассути Баҳри Каспий ба кишварҳои Аврупӣ роҳ ёбанд.

Сообщение Тоҷикистон имсол аз ҳисоби фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсоя фоидаи бештар гирифтааст появились сначала на YOUR.

Манбаъ: Your.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.