Тоҷикистон низ чашм ба ваксинаи русӣ дӯхтааст, вале мунтазири натиҷаи озмоишҳост

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки мунтазири натиҷаҳои ниҳоии озмоиши ваксинаи русӣ ба зидди COVID-19 ҳастанд ва сипас бар сари хариди он суҳбат хоҳанд кард.

Самариддин Ализода, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, рӯзи 30-юми сентябр дар як нишаст дар Душанбе гуфт, “феълан бо Русия дар бораи харидани ваксинаи зидди коронавирус гуфтугӯ надоранд”. Вай афзуд, танҳо баъд аз онки ваксинаи зидди коронавирус дар Русия ҳама зинаҳои санҷишро гузарад, дар бораи харидани он меандешанд. 

Чунин изҳори назари муовини Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан манбаъҳо дар ҳамин вазорат гуфта буданд, ҳукумати Тоҷикистон бо мақомоти Русия шароити харидани ваксинаи зидди бемории COVID-19-ро баррасӣ мекунад.

Як мақомои баландпояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон рӯзи 21-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “айни замон миёни Тоҷикистон ва Русия ба сари ваксина музокирот идома дорад”.

Русия рӯзи 11-уми август эълон кард, ки ваксинаи зидди COVID-19-ро расман сабт кардааст, вале як идда пажӯҳишгарон ба коромад будани он шубҳа доранд. Русия маъракаи эмкуниро дар бадани 40 ҳазор нафар шуруъ кард ва ин як марҳилаи санҷишӣ аст.

Ҳоло даҳҳо маркази тадқиқотӣ дар ҷаҳон беш аз сад ваксинаро озмоиш мекунанд. Бино бар эъломияҳо, Амрико, Чин ва Бритониё беш аз дигар кишварҳо дар роҳи ҳосил кардани ваксинаи коромад ва собитшуда наздиканд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, аз 30-уми апрел то санаи 29-уми сентябр дар Тоҷикистон 9 726 нафар ба короновируси нав сироят ёфтанд. Шумораи қурбониён аз ин беморӣ 75 нафар будааст.

Аммо бинобар мушоҳидаҳои корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, омори расмии мақомот миқёси воқеии сирояти беморӣ ва талафот дар Тоҷикистонро нишон намедиҳад ва теъдоди беморону фавтидагон бештар аз он аст, ки Вазорати тандурустӣ мегӯяд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.