Тоҷикистон то соли 2027 дар барномаи номзадҳо. Чиро нагуфтанд?

Панҷ номзаде, ки ба интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон роҳ ёфтанд, бо барномаҳое вориди ин маърака мешаванд, ки ба гуфтаи худашон “барои зиндагии шоистаи мардум аст”. Аммо сокинон ва коршиносону таҳлилгарон мегӯянд, дар барномаи пешазинтихоботии номздаҳо мушкилоти воқеии кишвар зикр нашудааст ва номзадҳо ба масъалаҳои хурду реза иктифо кардаанд.

Дар интихоботи президентии 11-уми октябр раиси ҷумҳурӣ барои 7 соли дигар интихоб мешавад ва рушди Тоҷикистон то соли 2027 аз ӯ вобаста хоҳад буд.

Мушкили асосӣ чист?

Тоҷикистон дар ҳоле ба интихоботи президентӣ наздик мешавад, ки бо беш аз 9,5 миллион аҳолӣ “фақиртарин” кишвари пасошӯравӣ ном бурда мешавад. Андозаи маоши миёна ва нафақа дар Тоҷикистон назар ба ҳама кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил камтар аст. Бино ба омори расмӣ, 26,5 дарсади аҳолӣ камбизоат аст. Коршиносон сатҳи воқеии фақрро аз ин бештар медонанд.

Аз 2,5 миллион нерӯи корӣ ва афроди қобили меҳнат, ки Тоҷикистон дорад, ҳудуди як миллион нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия ҳастанд. Бинобар набуди ҷойи кор ва ё кор бо маоши муносиб сокинон аз Тоҷикистон маҷбур ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Аммо мақомоти Тоҷикистон шумори муҳоҷиронро дар Русия наздик ба 500 ҳазор нафар мегӯянд.

Дар барномаи номзадҳо ба мақоми президентӣ дар Тоҷикистон дар бораи ин мушкилот ва роҳҳои ҳалли он чизе гуфта намешавад. Барои мисол, аз миёни номзадҳо, танҳо дар барномаи Ҳизби демократ, ки раисаш ба марҳилаи асосии интихобот роҳ наёфт ва барномаи Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби халқии демократӣ дар бораи муҳоҷирон як ҷо ёд мешавад. Дигар номзадҳо аслан ба ин мавзуъ рӯ наовардаанд.

Коррупсия дар Тоҷикистон? “Не нашунидем”

Коррупсия аз мушкилоти умда дар Тоҷикистон мемонад. Кишвар дар шохис ё индекси созмони байналмилалии  Transperency International дар миёни 180 кишвар дар ҷойи 150-ум қарор дорад. Ба ибораи дигар, Тоҷикистон аз 30 кишвраи фасодзадаи дунё эътироф мешавад. 

Мушкили коррупсия низ дар барномаи номзадҳо хеле кам ва ё аслан номбар намешавад ва роҳҳои мушаххаси аз байн бурдани ришвахӯрӣ ҳам пешниҳод нашудааст.

Баръакси ин, номзадҳо пешниҳодҳои аҷибе ба монанди сохтани метро дар шаҳри Душанбе (пешниҳоди Абдуҳалим Ғаффоров аз Ҳизби сотсиалистӣ), иҷозат додани дуҳамсарӣ (пешниҳоди Рустам Латифзода аз Ҳизби агарарӣ), давлатӣ ва ё миллӣ кардани корхонаҳои хусусӣ дар соҳаи истихроҷи маъданҳои куҳӣ (пешниҳоди Рустам Раҳматзода аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ) ба миён гузоштаанд.

Дар барномаи пешазинтихоботии Эмомалӣ Раҳмон номзад аз ҲХДТ поин бурдани сатҳи камбизоатӣ ва ду баробар афзоиш додани Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ дар 7 соли оянда ваъда шудааст. Ваъдаи дигари Эмомалӣ Раҳмон ба интихобкунандагон ин аст, ки дар 7 соли оянда шумори камбизоатҳоро дар Тоҷикистон то 18 дарсад кам мекунад. Ҳоло бинобар омори расмӣ 26 фоизи аҳолии Тоҷикистон камбизоатанд.

“Идеяи сохтани метро аз дастаи КВН аст!”

Хайрулло Мирсаидов, хабарнигор ва таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, нодида гирифтан ва ё рӯ тофтани номзадҳо ба мақомоти президентӣ дар Тоҷикистон бесабаб нест. Ба пиндори таҳлилгари тоҷик, ки чунин танзим шудани маъракаи интихобот аз қабл ҳисобшуда аст ва ҳадаф ситоиши Эмомалӣ Раҳмон, президенти амалкунанда аст. 

“Пешниҳодҳое, ки имрӯз аз забони номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳурӣ садо медиҳанд, ба мисли сохтани метро дар Душанбе, пулакӣ кардани вуруд ба пойтахт аз он нест, ки номзадҳо мушкилоти воқеии кишварро намедонанд. Не, онҳо хеле хуб медонанд. Аммо бо ин гуна барномаҳо номзадҳо ба мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон доданӣ ҳастанд, ки донотарин номзад дар кишвар президенти феълӣ Эмомалӣ Раҳмон аст”, — гуфт ӯ.

Мирсаидов афзуд, бори нахуст ӯ ҳамчун роҳбари дастаи ҳаҷвнигорон – “КВН” – мавзӯи бунёди метроро дар шаҳри Хуҷанд то соли 2067 дар миён гузошта буд, ки хеле машҳур шуд. “Зоҳиран Ғаффоров номзад аз ҳизби сотсиалист тасмим гирифтааст аз шӯҳрати ин латифаи мо дар интихобот истифода кунад. Номзадҳо бояд камбудиҳоеро, ки дар 27 соли охири ҳукумат ба он роҳ дод, ошкоро гӯянд”, — иброз дошт Мирсаидов.

Дар Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ин иддаоро рад карда, гуфтанд, ки тарҳи сохтани метроро худи онҳо пешниҳод карданд ва дар тасмимгириҳои худ мустақиланд.

Барномаи номзадҳо бояд чӣ медошт?

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарон чанде аз мушкилоти ба пиндори онҳо асосиеро номбар карданд, ки номзадҳо бояд рӯйи он тамаркуз мекарданд. Аюб Эгамов, иқтисоддони тоҷик, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, коррупсия ва ё ришвахурӣ дар Тоҷикистон аз ҳама мушкили асосист, ки бо бартараф кардани он гиреҳи дигар мушкилот кушода мешавад.

“Коррупсия ва низоми нодурусти андозситонӣ (молиётситонӣ) дар мо одамонро дилсард мекунад. Чанд нафар аз дӯстони мо аз муҳоҷират пул оварда, хостанд, кореро оғоз кунанд, аммо баъди як сол пулҳояшонро аз даст доданду дубора ба муҳоҷират рафтанд. Дар сурати барномарезии дуруст коррупсия ва ислоҳоти андоз дар зарфи 3-4 сол барои аксарияти муҳоҷирон дар дохили кишвар ҷойи кор ташкил кардан мумкин аст”, — гуфт ӯ.

Ба қавли Эгамов, барои ин, ҳукумат барои соҳибкорӣ шароити мусоид ва барои ҳифзи сармояҳо кафолат диҳад, ки сармоядорон бе дудилагӣ ба иқтисодиёти кишвар сармоягузорӣ кунанд. Ин таҳлилгар гуфт, ин нуктаҳои ҷиддӣ дар барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо ба чашм намерасад ва аз ин рӯ сокинон ҳам онҳоро ҷиддӣ намегиранд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе аз мардум пурсиданд, ки аз барандаи интихобот ҳалли чӣ мушкилро мехоҳанд, онҳо коррупсия, ҷойи кору маоши баландро номбар карданд. 

Номзадҳо бо чӣ барнома вориди корзори интихобот шуданд, дар инҷо хонед:  

 

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.