Тоҷикистон ва Эрон барои такмили нақби “Истиқлол” қарордод имзо карданд

Тоҷикистон ва Эрон барои такмили нақб ё тунели “Истиқлол” қарордод имзо карданд. Ба гузориши хабаргузориҳои расмии Эрон, ин қарордод 20-уми январ дар ҳузури Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон,  Муҳаммадтақии Собирӣ, Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Душанбе ва раиси ширкати “Фароб”, имзо шудааст. 

Бар пояи ин қарордод, дар ин марҳила такмили системаи рӯшноӣ, насби дурбинҳо, ҳавокашҳо ва системаи зиддисӯхтор дар назар аст, ки барои эминии ҳаракат дар дохили нақб муҳим мебошад.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар маросими имзои ин қарор гуфтааст, ки бунёди ин тунел дар замони Шӯравӣ оғоз шуда буд, вале ба сабабҳои мухталиф амалӣ нашуд. Ба гуфтаи ӯ, пас аз он, ки Тоҷикистон бо Эрон қарордод имзо кард ва марҳилаи аввали бунёди ин туннел анҷом шуд, мушкили резиши об аз сақфи туннел пеш омад, ки он рафъ шуд ва ҳоло мардум аз он истифода мекунанд.

Дар хабарҳо роҷеъ ба будҷаи такмили марҳилаи дувуми ин тарҳ чизе гуфта нашудааст. Аммо дар тирамоҳи соли 2019 хабаргузориҳо навишта буданд, ки мақомоти тоҷик ва эронӣ ба мувофиқа расидаанд, ки бархе тарҳҳои ниматамоми Эрон дар Тоҷикистон, монанди туннели “Истиқлол” (Анзоб)-ро, ки насби таҷҳизоти он такмил нашудааст, бо ҳамкории якдигар ба итмом расонанд.

Нақби “Истиқлол”-ро ки маркази Тоҷикистонро бо шимоли он мепайвандад, Эрон бо харҷи бештар аз 60 миллион доллар ва дар муддати 3 сол сохт. Онро соли 2006 бо ҳузури Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури собиқи Эрон ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба истифода доданд. Аммо нақби мазкур солҳои тӯлонӣ як роҳи торику хатарнок ва ноҳамвор барои нақлиёт буд ва баъд аз тармиму таҷдиди тӯлонӣ дар соли 2011 роҳашро ҳамвор ва обашро хушк карданд.

Эрон, ки бо Тоҷикистон дар чанд соли пеш робитаҳои хуб дошт, ду тарҳи бузург, аз ҷумла нақби “Истиқлол” ва нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” –ро амалӣ кардааст. Айни замон ду тараф баъди робитаҳои сарди сесола, то андозае ба ҳам наздик шуданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.