Тоҷикистону Чин ҳамкориҳои амниятиро баррасӣ карданд

Мақомоти Тоҷикистону Чин роҷеъ ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар масоили амниятӣ гуфтугӯ кардаанд.

Вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистону Чин бо пахши хабарномаҳои ҷудогона иттилоъ доданд, ки рӯзи 29-уми декабр мулоқоти онлайнии Хусрав Нозирӣ, муовини аввали Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва Чэн Гопин, намояндаи вижаи Вазорати корҳои хориҷии Чин оида ба масъалаҳои амнияти берунӣ, баргузор шуд. 

Дар хабарномаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон омадааст, ки ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории ду кишвар дар соҳаи амниятро баррасӣ кардаанд. Ҷониби Чин ҳам гуфтааст, ки ду тараф дар мавриди мавзуъҳои вобаста ба мубориза бо терроризм ва ҳамкориҳои амниятӣ байни ду кишвар, табодули назар карданд.

Вазорати умури хориҷии Чин мегӯяд, ки ҷониби Тоҷикистон аз мавқифи Пекин дар мубориза бо Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ ҳимоят кардааст. Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистон хостори ҳамкорӣ бо Чин барои ҳифзи амният ва субот дар минтақа шудааст.

Дар ҳоли ҳозир Душанбе бо Пекин ҳам дар қолаби равобити дуҷониба ва ҳам дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ва эътилофи зиддитеррористии Чин-Тоҷикистон-Покистон-Афғонистон ҳамкорӣ дорад.

Дар гузашта Чин борҳо дар бахши амнияти Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст. Бо ҳадафи тақвияти марзи Тоҷикистон Афғонистон аз ҳисоби Чин 4 постгоҳи марзӣ ва як маркази омӯзишӣ бунёд шуд. Дар моҳи ноябри 2019 бо пуштибонии молии Чин дар Душанбе Маркази мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷудоихоҳӣ эҷод шуд.

Дар солҳои 2016 ва 2019 низомиёни Тоҷикистону Чин дар қаламрави ВМКБ тамринҳои муштарак гузарониданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.