Тоҷикистону Чин ҳамкориҳои баъд аз давраи пандемияро баррасӣ карданд

Тоҷикистону Чин хостори таҳкими ҳамкориҳои бештар дар марҳилаи пас аз пандемияи коронавирус шудаанд. Иқтисоди Тоҷикистон, ки сахт вобастаи сармоя ва тиҷорат бо Чин аст, дар ин марҳила, ба пуштибонии Пекин ниёз дорад.

Мавзӯи ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Ван И, вазирони умури хориҷии ду кишвар рӯзи 10-уми сентябр дар Маскав баррасӣ шудааст. Ин мулоқот дар ҳошияи нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой доир шуд.

Ба иттилои расонаҳои чинӣ, Ван И дар ин мулоқот гуфтааст, Чин хостори таҳкими ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар марҳилаи пас аз пандемияи фарогир мебошад. Вазири умури хориҷии Чин дар ин замина ба зарурати боло бурдани тавоноии гузаргоҳҳои марзӣ миёни ду кишвар таъкид кардааст.

Расонаҳои чинӣ менависанд, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо сипос аз мадади Чин барои пешгирӣ ва муқобила бо пандемияи фарогир таъкид кардааст, ки Тоҷикистон бо ҳар нерӯе, ки таҳти унвони ҳуқуқи башар ҳайсияти ин кишварро хадшадор мекунад, мухолиф аст.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳам бо нашри хабарномае иттилоъ дод, ки Сироҷиддини Муҳриддин ва Ван И дар бораи ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаи энержӣ ва саноат, боркашонӣ ва кишоварзӣ табодули назар карданд.

Ба қавли манбаъ, ҷонибҳо ба созиш расидаанд, ки барои чира шудан бар оқибатҳои иқтисодӣ-иҷтимоии пандемия, ҳамкориҳоро боз ҳам таҳким мебахшанд.

Чин дар ҳоли ҳозир яке аз сармоягузорони аслӣ ба иқтисоди Тоҷикистон аст. Ин кишвар то кунун чандин иншоотро бо ёриҳои молии бебозгашт ва қарзҳои дарозмуддат дар Тоҷикистон сохта ва ба истифода додааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.