Тоҷикистону Эрон зиндониёни худро мубодила карданд

Тоҷикистон ду шаҳрванди Эрон ва Эрон як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар зиндонҳои якдигар адои ҷазо мекарданд, мубодила ё иваз карданд. Ҳамчунин як зиндонии эронӣ, ки аз сӯи президенти Тоҷикистон афв шуд, ба кишвараш бозгаштааст.

ИРНА — хабаргузории давлатии Эрон рӯзи панҷшанбе аз қавли масъули бахши ҳуқуқи башар ва робитаҳои байналмилалии Додситонии кулли он кишвар дар ин бора хабар дод.

Ба иттлои манбаъ, ин мубодилаи зиндониён дар пайи сафари Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии он кишвар ва гуфтугӯи ӯ бо президенти Тоҷикистон барои афв ва интиқоли 2 нафар аз маҳкумони эронӣ, ки давраи ҷазои худро дар зиндонҳои Тоҷикистон мегузаронанд, анҷом шуд.

Муҳаммадҷавод Зариф аввалҳои ҳафтаи ҷорӣ барои ширкат дар нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё — Раванди Истанбул”, ба Тоҷикистон сафар карда буд.

Ҳанӯз ҳувияти зиндониёне, ки Тоҷикистону Эрон мубодила карданд, ошкор нашудааст. Масъулини Додситонии кулли Эрон гуфтаанд, ки Душанбеву Теҳрон ҳамкориҳои бисёр хубе дар заминаҳои ҳуқуқӣ ва додгоҳӣ доранд ва дар садади густариши ин ҳамкориҳо мебошанд.

Мақомоти тоҷик то ҳанӯз дар робита ба мубодилаи ин зиндониён ибрози назар накардаанд.

Маълум нест, ин шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон ба кадом гуноҳ дар зиндонҳои якдигар нигоҳ дошта мешуданд. Дар соли 2015 ҳудуди 10 тан аз маҳбусони эронӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон адои ҷазо мекарданд, ки асари онҳо барои қаллобӣ ва авбошӣ муҷрим шинохта шуда буданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.