“Тоҷиксуғурта” ба 8 фавтида аз “илтиҳоби шуш” ҷуброн пардохт кардааст

Масъулини “Тоҷиксуғурта” мегӯянд, ба наздикони 8 нафар фавтидаҳо аз бемории “илтиҳоби шуш”, ки ходимони давлатӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ буданд, ҷубронпулӣ пардохт кардаанд.

Шӯҳрат Мақсудзода, раиси ширкати “Тоҷиксуғурта” рӯзи 8-уми феврал зимни нишасти хабарӣ аз ин афрод, ки ҷубронпулӣ дарёфт карданд, ном набурд, аммо гуфт, ки шаш нафари онҳо ходимони давлатӣ ва ду нафарашон хизматчиёни ҳарбӣ мебошанд. Ба гуфтаи вай, ба ходимони давлатӣ ба миқдори ҳашт маоши охирини онҳо ва ба сарбозони 100 нишондод барои ҳисобҳо, пардохт карда шуд.

Шуҳрат Мақсудов дар посух ба ин савол, ки оё ба сарбози собиқ дар Нерӯҳои марзбонӣ Шаҳбол Мирзоев, ки ахиран аз илтиҳоби шуш фавтид, ҷубронпулӣ пардохт шудааст ё не, гуфт, ки “то ба ҳол ба “Тоҷиксуғурта” дар ин робита дархосте ворид нашудааст. Гузашта аз ин, ба гуфтаи ӯ, Шаҳбол Мирзоев солҳои ахир дар сафи артиш набуд, вале агар хешовандонаш расман муроҷиат кунанд, ин масъала баррасӣ мешавад.

Масъулини ширкати “Тоҷиксуғурта” дар ҳамин ҳол гуфтанд, ки ба қонун дар бораи суғура банди “суғурта аз бемории КОВИД-19” ворид карда шуд. Пешниҳоди пардохти ҷуброн барои бемории коронавирус аз ҷониби ҳукумат сурат гирифтааст ва феълан ду ширкат — “Тоҷиксуғурта” ва “Бима” бо сокинон дар ин замина қарордод имзо мекунанд. Тибқи қонунгузорӣ, ҳама кормандони давлатӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ ба суғуртаи ҳатмӣ фаро гирифта мешаванд.

Соли гузашта ҳазорон нафар дар Тоҷикистон ба бемории КОВИД-19 гирифтор шуданд. Мақомот дар Тоҷикистон мубталоён ба бемории “илтиҳоби шуш”-ро аз КОВИД-19 ҷудогона ҳисоб менамоянд.

Шумораи гирифторон ба бемории КОВИД-19 дар Тоҷикистон то рӯзи 7-уми феврал 13308 ва фавтидаҳо 90 нафар гуфта бароварда шудааст. Оморе, ки манбаъҳои мустақил ба он бо дидаи шак менигаранд ва шумораи гирифторону қурбониёнро бештар аз ин медонанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.