“Толибон” аз равобити дипломатӣ ва такя ба кӯмакҳои иқтисодии Чин хабар доданд

«Толибон» мегӯянд, Чин бо ҳокимони нави Афғонистон равобити дипломатӣ барқарор мекунад ва баъди беруншавии нерӯҳои ИМА маъмурияти Толибон ба ёриҳои иқтисодии Пекин такя хоҳанд кард.  Забеҳулло Муҳоҷид рӯзи 2-юми сентябр дар сӯҳбат бо нашрии итолиёии La Repubblica гуфтааст, ки Чин “шарики асосии” ин гурӯҳ дар амри пешгирӣ аз суқути иқтисод ва бозсохти кишвар мебошад.

«Толибон» ҳукумати рӯ ба ғарби Афғонистонро шикаст дода, 15-уми август Кобулро ишғол намуданд. Онҳо ваъда додаанд, ки мавқеи муътадил ихтиёр намуда, ҳуқуқи башарро эҳтиром мекунанд. «Толибон» ҳамчунон исрор меварзанд, ки душманонашонро афв хоҳанд кард. ИМА ва муттафиқонаш сафоратҳояшонро дар Афғонистон баста, шарт гузоштаанд, ки эътирофи ҳукумати «Толибон» ва ирсоли ёриҳои иқтисодӣ ба Афғонистон ба амалкарди ҳокимони кунунии Кобул бастагӣ дорад. Аммо Чин шояд эътирофи «Толибон»-ро бо эҳтироми ҳуқуқи башар вобаста накунад. Сухангӯйи «Толибон» ба рӯзномаи италиявӣ гуфтааст, ки ин ҷунбиши исломӣ ба ташаббуси “Як камарбанд ва як роҳ”, ки Чин ҳамчун стратегияи байналмилалиаш татбиқ мекунад, таваҷҷуҳ дорад. Як мансабдори дигари «Толибон» рӯзи 2-уми сентябр ба хабарнигорон гуфт, Чин сафораташ дар Кобулро боз нигаҳ дошта, кумаки башарӣ ба Афғонистонро афзоиш медиҳад. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.