Толибон ба таҳсили духтарон иҷоза надоданд

Вазорати маорифи ҳукумати Толибон эълон кард, ки писарон аз 18-уми сентябр ба мактабу донишгоҳҳо барои идомаи таҳсил баргарданд, вале дар бораи таҳсили духтарон чизе нагуфтанд.

Аз ин пеш гуфта буданд, ки духтарону писарон ҳақ надоранд, ки якҷо дар як синф таълим бигиранд. Таълими духтарон аз ҷониби омӯзгорони мардро низ ҷоиз надонистанд.

Вазорати занони Афғонистон ба Вазорати амри маъруф ба найҳи мункар табдили ном кард. Ин вазорат ҳамчун полиси ахлоқӣ амал мекунад ва иҷро шудани ҳукмҳои шаръиро назорат мекунад.

Толибон, ки рӯзи 15-уми август Кобулро тасарруф карданд, ба маҳдуд кардани ҳуқуқи занону духтарон шурӯъ намудаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.