Толибон ба занҳои Афғонистон тавсия доданд, кор накунанд ва ба кӯча набароянд

Толибон ба занҳои Афғонистон тавсия доданд, ки кор накунанд ва ба кӯча набароянд. Дар ин бора Бӣ-Бӣ-Сӣ бо такя ба намояндаи ҳаракати Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид хабар дод.

“Неруҳои мо одати муомила кардан бо занҳо, гуфтугӯ кардан бо онҳоро надоранд. То замоне, ки амнияти занҳо таъмин нашавад… мо аз онҳо хоҳиш мекунем, ки дар хона бимонанд”, – гуфт Муҷоҳид. “Ин раванди бисёр кӯтоҳе аст”, – афзуд вай.

Намояндаи Толибон дар робита ба кӯч додани одамон аз фурудгоҳи Кобул аз афғонистониҳо даъват кард, ки ба фурудгоҳ нараванд, зеро онҷо бебандуборӣ ҳукмфармо аст.

Оқои Муҷоҳид аз ИМА хост, “кӯчидан” аз Афғонистонро “ташвиқ” накунад. Ба гуфтаи вай, Афғонистон худ ба шаҳрвандони болаёқаташ ниёз дорад.

Толибон рӯзи 15-уми август вориди пойтахти Афғонистон шуданд ва эълом карданд, ки тамоми кишварро таҳти назорат доранд. Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ тарки кишвар кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.