“Толибон” гуфтанд, намояндаи СММ ироаи кӯмакҳои башариро ваъда дод

Намояндаи “Толибон” гуфт, ки дар поёни мулоқоти раҳбари барномаҳои ёрии башардӯстонаи СММ бо мақомоти калони “Толибон” дар Кобул рӯзи 5-уми  сентябр, ваъда шуд, ки ба мардуми Афғонистон ёриҳои башардӯстона оварда мешавад. Сухангӯи Толибон Суҳайл Шоҳин гуфт, ки Мартин Гриффитс, муовини дабири кулли СММ  оид ба масоили ёриҳои башардӯстона баъди дидору гуфтугӯҳо бо ҳаммуассиси “Толибон” Мулло Абдулғанӣ Бародар  ироаи ёриҳои башардӯстонаро ваъда дод. Шоҳин дар Твиттераш навишт,  Гриффитс ваъда додааст, ки “тақдими ёриҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон идома хоҳад ёфт ва ӯ ваъда додааст, ки ин масъала дар мулоқоти қарибулвуқӯи кишварҳои донор матраҳ мешавад”.

Шоҳин инчунин гуфт, ки “Толибон” ба намояндаи калони СММ ваъда додаанд, ки ҳамкорӣ мекунанд ва ҳам дар ироаи шароити зарурӣ омодаанд ёрӣ расонанд.

Баъди суқути ҳукумати рӯ ба ғарби Афғонистон ва аз ҷониби “Толибон” ишғол шудани аксар қаламравҳои Афғонистон, ин кишвар бо бӯҳрони башарӣ рӯбарӯ шудааст.

Инчунин рӯзи 5-уми сентябр Питер Маурер, раиси Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ҳам дар Кобул буд. Ӯ ният дорад бо шароити муассисаҳои тиббӣ, марказҳои офиятрасонӣ шинос шуда, бо кормандони ин кумита дар Афғонистон гуфтугӯ кунад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.