Толибон манъи ҷалби ҷангҷӯёни хориҷиро талаб карданд

Толибон ба аъзои худ гуфтанд, ки аз ҷалби ҷангҷӯёни хориҷӣ ваё паноҳ додан ба ҷангиёни беруна худдорӣ кунанд, то ки шубҳа ба Толибон дар заминаи иҷрои  ӯҳдадориҳояш бар асоси созишномаи порсолаи сулҳ бо ИМА ва рабт додани онҳо ба созмонҳои мисли Ал-Қоида рафъ шавад. Дар изҳороти гурӯҳи шӯришӣ, ки 23-юми феврал нашр шуд, омадааст, “ба ҳамаи раҳбарон ва муҷоҳидон амр дода мешаванд, ки даст аз ҷалби хориҷиҳо ва ҳам фароҳам кардани сарпаноҳ барои онҳо бардоранд”. Ин гурӯҳ ҷангҷӯёнашро ҳушдор дод ва гуфт, ки агар ин қарорро нақз кунанд, “аз масъулият сабукдӯш шуда, гурӯҳаш пароканда хоҳад шуд” ва кораш “ба хотири таъини муҷозот ба баррасии комиссиюни умури низомӣ” дода мешавад.

Бар асоси созиши моҳи феврали соли 2020 миёни Толибон ва ИМА, ҳамаи нирӯҳои хориҷӣ бояд то оғози моҳи маи соли 2021 Афғонистонро тарк кунанд ва бар иваз гурӯҳии ҷангӣ  бояд замонатҳои амниятӣ диҳад, ки даст аз хушунат бармедорад ва ҳамаи робитаҳояшро бо гурӯҳи Ал-Қоида канда дигар ба террористони хориҷӣ сарпаноҳ фароҳам намекунад.

Вале ҷангҷӯён маҳз ба ҳамин хотир мавриди интиқоди мақомоти Афғонистон ва ИМА ҳастанд, ки иртиботи худ бо гурӯҳҳои террористиро қатъ накардаанд. Толибон ин иттиҳомотро рад мекунанд.  Эдмунд Фиттон-Браун, ҳамоҳангсози як тими назоратии СММ аз болои гурӯҳҳои ДОИШ, Ал-Қоида ва Толибон моҳи феврал гуфт, “ба бовари мо, раҳбарияти калони Ал-Қоида ҳанӯз ҳам таҳти ҳимояти Толибон қарор доранд”. Бар асоси гузориши тими назоратии СММ, дар 11 вилояти Афғонистон аз 200 то 500 ҷангии Ал-Қоида фаъол мебошанд.

Даъвати Толибон аз фармондеҳонаш дар ҳолест, ки баъди як моҳи таъхир дар музокироти сулҳи ҳукумати Афғонистон ва Толибон  рӯзи 22 феврал ин муколамаҳо дар Қатар аз сар гирифта шуданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.