Толибон номи Бурҳониддин Раббониро аз Донишгоҳи таълим ва тарбияи Кобул бардоштанд

Вазорати таҳсилоти олии ҳукумати Толибон номи Донишгоҳи давлатии таълим ва тарбияи ин кишварро тағйир дод. Бурҳониддин Раббонӣ 20-уми сентябри соли 2011 кушта шуд. Толибон он замон масъулияти қатли Бурҳониддин Раббониро ба ӯҳда гирифта буданд.

Расонаҳои дохилии Афғонистон рӯзи 20-уми сентябр ба нақл аз эъломияи Вазорати таҳсилотии олии ҳукумати Толибон хабар доданд, ки ин донишгоҳ аз ин пас бо номи Донишгоҳи давлатии таълим ва тарбияи Кобул ёд хоҳад шуд.

Донишгоҳи давлатии таълим ва тарбия дар замони президентии Ҳомид Карзай ба “Донишгоҳи таълим ва тарбияи устод Раббонӣ” номгузорӣ шуда буд. Дар эъломияи Вазорати таҳсилоти олии ҳукумати Толибон гуфта мешавад, ки “бархӯрди сиёсӣ бо ниҳодҳои таҳсилиро намепазирад”.

“Ниҳодҳои омӯзишӣ ва таҳсилӣ бояд бар асоси меъёрҳои илмӣ устувор бошанд, аммо мутаассифона дар зарфи бист соли гузашта ва дар сояи ишғоли Афғонистон бо ин ниҳодҳо бархӯрдҳои салиқаӣ, танзимӣ, самтӣ ва қавмӣ сурат гирифтааст”,-омадааст дар ин эъломия.

Эъломияи Вазорати таҳсилоти олии ҳукумати Толибон мегӯяд, ки дар гузашта дар пайи мухолифатҳо ва эътирозҳо ба номгузории ин донишгоҳ ба номи Бурҳониддин Раббонӣ чанд нафар кушта шуданд ва гӯё чанд нафар аз устодон ҳам норозӣ буданд.

Пеш аз ин гузориш шуда буд, ки Фурудгоҳи байналмилалии Ҳомид Карзай ҳам бо “Майдони ҳавоии Кобул” тағйири ном кард. Ҳамчунин номи маршал Фаҳим аз як донишгоҳи низомӣ бардошта шудааст. Толибон то ҳануз расман ин гузоришҳоро таъйид накардаанд.

Дар пайи ҷангҳо дар Панҷшер, Толибон шишаи оромгоҳи Аҳмадшоҳ Масъуд — қаҳрамони миллии Афғонистонро ҳам шикаста буданд. Баъдан онҳо эълон карданд, ки онро тармим карданд.

Бурҳониддин Раббонӣ пас аз пирузии муҷоҳиддин дар соли 1993  президенти Афғонистон буд,  “Толибон” дар соли 1996 ҳукумати Раббониро аз Кобул берун ронданд ва кишварро ба ҷанги давомдор кашонданд. То ба қудрат расидани ҳукумати Ҳомид Карзай аксар кишварҳои ҷаҳон Раббониро раҳбари қонунии Афғонистон мешумурданд.

Бурҳониддин Раббониро, ки раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон буд, моҳи сентябри соли 2011 як узви Толибон, ки худро қосиди сулҳи онҳо муаррифӣ карда буд, дар хонааш дар шаҳри Кобул кушт.

Бурҳониддин Раббонӣ дар Тоҷикистон аз маҳбубияти зиёде бархӯрдор аст. Ҳукумати Тоҷикистон дар авоили моҳи ҷорӣ ба Бурҳониддин Раббонӣ ва низ Қаҳрамони миллӣ ва вазири собиқи дифои Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд ордени дараҷаи аввали “Исмоили Сомонӣ” дод. 

Ҳукумати Тоҷикистон далели тақдими унвони олиро ба Раббонӣ ва Масъуд “мусоидат ва миёнҷигарии онҳо ба баргузории музокироти байни тоҷикон дар солҳои 1993-1996 ва саҳми бузург дар раванди истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гуфт. Ордени “Исмоили Сомонӣ” мукофоти олии давлатии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.