Толибон: “Панҷшерро гирифтем”. Ҷабҳаи муқовимат: “Хабар нодуруст аст”

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмад Масъуд хабари тасарруфи Панҷшер аз сӯи Толибонро рад кард. Толибон иддо доранд, ки Панҷшер ба тасарруфи ҷанҷӯёни онҳо даромадааст.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон рузи душанбеи 6-уми сентябр бо нашри эъломия гуфт, ки Панҷшер ба таври комил ба назорати ин гурӯҳ даромадааст. Ӯ гуфтааст, ки бо тасарруфи Панҷшер “кишвар комилан аз гирдоби ҷанг” берун шуд. Дар эъломияи ин гурӯҳи тундгаро гуфта шудааст, “Толибон ба бошандагони вилояти Панҷшер итминон медиҳад, ки бо онҳо ҳеҷ гуна бархӯрди табъизомез сурат намегирад”.

Дар пайи нашри хабарии ишғоли Панҷшер аз сӯи Толибон, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ гуфт, “иддаои душмани мутаҷовиз дар бораи тасарруфи Панҷшер нодуруст аст. Нерӯҳои муқовимати миллӣ дар қароргоҳҳо, ки аз пеш эҷод шуда буд, ҳузур доранд ва аз шаби гузашта то кунун ҷанг дар нуқтаҳои мухталиф идома дорад. Мардуми Афғонистон мутмаин бошанд, ки муқовимат то расидан ба озодӣ ва адолат ба нусрати Худованд идома меёбад”.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.