“Толибон”: “Панҷшерро гирифтем.” Масъуд: “Ин дурӯғ ва таблиғот аст.”

Хабаргузории Reuters ба нақл аз се манбаъ дар фармондеҳии “Толибон” хабар дод, ки рӯзи ҷумъа водии Панҷшер, охирин вилояти Афғонистон аз тарафи толибҳо ишғол шудааст. Дар ин бора ҳамчунин нашрияи туркии “Yeni Şafak” бо такия ба хабарнигораш дар Кобул иттилоъ додааст.

Вале Алӣ Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер, шаби ҷумъа ба Радиои Миллии Ҷамъиятии ИМА – NPR гуфт, хабарҳои суқути Панҷшер “таблиғот”-е беш нестанд, “мудофиаи Панҷшер рахна надидааст ва Толибон бо муқовимати шадиде рӯбарӯянд”.

Аммо Reuters менависад, яке аз фармондеҳони “Толибон” гуфтааст: “Бо файзи Аллоҳи мутаъол мо тамоми Афғонистонро таҳти назорат дорем. Мушкилофарон шикаст хӯрданд ва Панҷшер ҳоло таҳти фармони мост.”

Бархе аз расонаҳо ҳамчунин аз фирори яке аз раҳбарони Ҷабҳаи муқовимат, ноиб-президенти пешини Афғонистон Амруллоҳи Солеҳ ба Тоҷикистон хабар додаанд, вале ӯ дар як паёми видеоӣ эълом дошт, ки ба ҷое нарафта, дар Панҷшер, дар пойгоҳи худ аст. Вай дар ин навор мегӯяд: “Дар ин шакке нест, ки ҳолати сахте ҳаст”, “вале муқовимат идома дорад.” Вай ба талафоти ду ҷониб ишора кард ва афзуд вазъ зери назорат аст.

Писари ӯ Ибодуллоҳи Солеҳ низ хабарҳои суқути Панҷшерро рад кард ва гуфт “ҳазорон нафар дар ҳифзи сарзамин ва номуси худ таҳти сарварии Аҳмад Масъуд дар майдонанд”. Худи Масъуд низ дар Твиттер навишт, “Хабари фатҳи Панҷшер дар матбуоти Покистон мечархад. Ин дурӯғ аст”. Вай ҳамчунин даъват кард, ба таблиғот бовар накунанд.

Хабари суқути Панҷшер сабаби тирандозиҳои таҷлилии афроди Толибон ба ҳаво шуд ва наворҳо аз ин ҳолат дар Кобул ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Сухангӯйи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид дар Твиттер аз афроди Толибон хост, “беҷиҳат” ба ҳаво тирандозӣ накунанд.”Силоҳҳо ва муҳимоте, ки дар ихтиёри шумост, ҳеч кас ҳаққи ҳадар доданашро надорад. Гулулаҳо мумкин аст ба мардум осеб бизанад, бе ҷиҳат тирандозии ҳавоӣ накунед”, навишт Муҷоҳид, вале хабарҳои суқути Панҷшерро шарҳ надод. Пештар вай гуфта буд, ки музокирот натиҷа надод ва амалиёти зидди Панҷшер оғоз мешавад.

Шоми ҷумъа ҳарду тараф даргириҳои шадидро дар Панҷшер тасдиқ кардаанд. Алӣ Назарӣ ба радиои NPR гуфтааст, Толибон дар ин самт воқеан бузургтарин ҳамлаи худро ба роҳ мондаанд, вале нерӯҳои Панҷшер дар аксари манотиқ ҳамлаваронро шикаст додаанд. “Ал-Қоида ва гуруҳҳои дигар дар ин ҳуҷум дар канори Толибонанд, вале мо танҳоем. Тамоми ҷаҳон моро танҳо гузошт. Мо ягон намуди кӯмакро намегирем, дар ягон шакле ки бошад. Ва мо дар ҳоли ҳозир бо Ал-Қоида ва терроризми байналмилалӣ меҷангем. Ва ҳама инро нодида мегиранд,” – гуфтааст Назарӣ ба National Public Radio.

Шоми ҷумъа пас аз изҳороти Ҳомид Карзай, ки хостори қатъи ҷанг дар Панҷшер шуд, Салоҳиддин Раббонӣ, муовини раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон дар як паёми видеоӣ аз Толибон хост, ҷангро боздоранд. “Дар шароите, ки дигар ҳеч нерӯи хориҷӣ дар кишвар вуҷуд надорад ва баҳонаҳои дурӯғини қаблӣ барои тадовуми ҷанг ва вайронӣ боқӣ намондааст, ба яқин метавон гуфт, ки таъкид ба сиёсати ҷанг тадовуми сиёсати ноком ва нодурусти инҳисоргароӣ ва истибдодхӯӣ мисли ҳукумати гузашта аст, ки яқинан ба шикаст мунҷар хоҳад шуд,”— гуфт Раббонӣ ва роҳи ҳалли мушкилро дар гуфтушунид ва ҳамкории ҳамаи мардуми Афғонистон барои ташкили як ҳукумати мардумӣ дид. Вай ба Толибон паём дод, ки дар акси ҳол ин ҷанг ба манфиати мардум ва кишвар нест.

“Толибон”, ки рӯзи 15-уми август Кобулро ишғол карданд, ба эълони аъзои ҳукумати худ омодагӣ мегиранд. Пештар ошкор шуд, ки ин ҳукуматро раиси сиёсии ин “Толибон” Мулло Абдулғанӣ Бародар сарварӣ мекунад. Ба дигар мақомҳои калидӣ низ раҳбарони ин гурӯҳи ҷанҷӯ баргузида шудаанд.

Вазифаи авалиндараҷа ва ин ҳукумат ҷилавгирӣ аз суқути иқтисодӣ, мубориза бо хушксолӣ ва харобаҳои низои 20-сола бошад, ки пеш хуруҷи берабти нерӯҳои амрикоӣ дар 30 август.ҷони тақрибан 240,000 сокини ин кишварро рабуд,

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.