Толибон зидди занони эътирозгар аз гази ашковар истифода карданд

Ҷангҷӯёни Толиб рӯзи 4-уми сентябр зидди занони тазоҳургар дар маркази Кобул аз зур кор гирифтанд.

Ба ин занон, ки бо талаби ҳуқуқи баробар эътироз мекарданд, Толибон ҳамла карданд. Толибон зидди занон гази ашковар истифода бурда, ба ҳаво тир паронданд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори зане нашр шуд, ки бо сару рӯи хуншор суҳбат мекунад ва мегӯяд, ӯро Толибон ба ин аҳвол овардаанд.

Рӯзи дуюм аст, ки дар Кобул занон эътироз мекунанд.

Ин гуруҳ рӯзи 15-уми август Кобулро тасарруф карданд ва гуфтанд, ки ба занҳо дар ҳукумат мақом намедиҳанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.