Тошканд-Душанбе: парвозҳо барқарор мешаванд

Мақомоти Тоҷикистон ва Узбекистон барои барқарор кардани парвозҳо миёни Тошканд ва Душанбе ба мувофиқа расидаанд. Дар ин бора Вазорати нақлиёти Узбекистон  иттилоъ додааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, нахустин парвози ҳавопаймоҳо байни пойтахтҳои Узбекистон  ва Тоҷикистон рӯзи 28-уми октябр сурат мегирад. Парвозҳо аз Тошканд ба Душанбе ҳафтае як маротиба рӯзҳои чоршанбе анҷом дода мешаванд. Ҳавопаймоҳо ҳафтае як маротиба рӯзи панҷшанбе аз пойтахти Тоҷикистон ба Узбекистон  парвоз хоҳанд кард.

Парвозҳо миёни ду кишвар аз 16-уми март бинобар хуруҷи короновирус қатъ карда шуданд. Дар сурати оғоз шудани парвозҳо Узбекистон севвумин кишваре хоҳад буд, ки парвозҳо бо Тоҷикистон аз сар гирифта мешавад. То кунун парвозҳои маъмулӣ аз Тоҷикистон танҳо ба Туркия ва Имороти Мутаҳиддаи Араб сурат мегиранд. Парвозҳои маъмулӣ ба Русия ҳанӯз барқарор нашудаанд. Бинобар ҷадвали муқарраркардаи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон аз Русия ҳар рӯз то 5 парвози чартерӣ, аз ҷумла 3 парвоз аз Маскав ба Душанбе то 1-уми ноябр анҷом дода мешавад. Парвозҳои чартериро танҳо ширкати “Сомон-эйр” анҷом медиҳад. Санаи барқарор шудани парвозҳои маъмулӣ ҳанӯз маълум нест.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.