Трамп 15 нафар, аз ҷумла 2 ширкатдори қазияи муомилаҳо бо Русияро афв кард

Президент Доналд Трамп амри афви 15 нафарро имзо кард, ки дар миёни онҳо ду  конгрессмени собиқи ҷумҳурихоҳ ва ду нафари  дигаре ҳам ҳастанд, ки барои дурӯғ гуфтан ба муфаттишон дар бораи муомилаҳо бо Русия гунаҳгор дониста шуданд.   Трамп инчунин ҳукми 5 нафари дигарро сабуктар кард.

Дар миёни афвшудаҳо Ҷорҷ Пападополус, собиқ ёвари тими таблиғотии Трамп аст, ки соли 2017 ҳангоми тафтиши парвандаи мудохилаи эҳтимолии Русия ба интихоботи президентии соли 2016-и Амрико ба муфаттишони Бюрои федеролии тафтишот дурӯғ гуфта буд. Пападополус аз 14 рӯзи ҳабс дар зиндони федеролӣ   12 рӯзашро дар  зиндон пуштисар кард ва баъди ин ба озодии таҳти назорати 12-моҳа гузашт.  Кохи Сафед гуфт, ки Пападополус дар чаҳорчӯби тафтишоти мушовири вижа Роберт Мюллер «аз рӯи ҷинояти просессуалӣ дар як маврид барои дурӯғ гуфтан гунаҳгор шуда буд». Худи Трамп ин тафтишотро ҳамчун таъқибҳои ҳадафмандона рад кардааст.

Дар изҳороти Кохи Сафед гуфта мешавад, ки “афви имрӯза хатоҳои тими Мюллерро нисбати сарнавишти бисёр одамон ислоҳ мекунад”. Трамп инчунин Алекс ван дер Зваан, домоди 36-солаи як миллиардери рус Герман Ханро ҳам афв кард. Зваан барои дурӯғ гуфтан ба муфаттишони Мюллер дар бораи тамосҳояш бо тими Трамп дар соли 2016 ба 30 рӯзи ҳабс ва 20 ҳазор доллар ҷарима маҳкум шуда буд.

Тафтишоти Мюллер ҳарчанд мудохилаи Русия ба интихоботи президентии соли 2016-и ИМА-ро собит кард, дар заминаи муомилаҳои эҳтимолии тими Трамп бо Маскав далели қотее ба даст наовард.

Таҷрибаи афви  дӯстони сиёсиву муттафиқони зиндонии  президентони ИМА дар охири мӯҳлати раёсатҷумҳурии онҳо як чизи маъмулӣ аст. Трамп дар қиёс бо президентони собиқ хеле кам қарорҳои афви маҳкумшудаҳо ба ҷазоро имзо кардааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.