Трамп: ба ҳама гуна ҳамлаи Эрон алайҳи ИМА “ҳазор баробар бадтар посух медиҳем”

Президенти ИМА  Доналд Трамп дар вокуниш ба хабарҳо дар бораи ин ки Эрон дар посух ба куштори генерал Қосим Сулаймонӣ мехоҳад як дипломати амрикоиро бикушад, гуфт, ҳама гуна ҳамлаи Эрон бо вокуниши аз он сангинтар рӯбарӯ мешавад. Трамп рӯзи 14-уми сентябр дар Твиттер навишт, ки ҳама гуна ҳамлаи Эрон алайҳи ИМА ба ҳар шакле набошад, “бо ҳамла болои Эрон меанҷомад, ки ҳазор баробар бадтар хоҳад буд”.  Сулаймонӣ фармондеҳи нирӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ буд ва моҳи январи имсол дар Бағдод бо як дрони амрикоӣ кушта шуд. Изҳороти Трамп дар ҳолест, ки вебсайти Politico дар бораи вуҷуди як нақшаи эҳтимолии Эрон барои куштани Лана Маркс хабар дод, ки моҳи октябр ба мақоми сафири ИМА дар Африқои Ҷанубӣ таъин шуд.  Politico рӯзи 13-уми сентябр гузориш дод, ки мақомоти иттилоотии амрикоӣ дар гузоришҳои худ мегӯянд, талошҳои эҳтимолии Эронро барои куштори Маркс мавриди таҳқиқ қарор додааст. Маълум нест, ки чаро Маркси 66-сола мавриди ҳадафи эҳтимолӣ қарор гирифтааст. Айни замон, Politico навиштааст, ки режими Эрон, ки дар фикри интиқом аст, чандин номзади дигари мавриди ҳадафи эҳтимолиро баррасӣ мекунад. Феълан вокуниши Эрон ба ин хабарҳо дар даст нест.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.