Трамп: Дар ҳамлаи мушакии Эрон “ҳеч амрикоӣ осеб надид”

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар суханронии шаби 8-уми январ гуфт, ки дар ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳҳои низомии ин кишвар дар Ироқ “ҳеч амрикоӣ осеб надид”.

“Ҳеч нирӯе аз даст надодем ва хисоротҳо ҷузъӣ будааст. Ба назар мерасад, Эрон қасд дорад иқдомоташро коҳиш диҳад,” — иттилоъ дод ӯ. 

Раиси ҷумҳури Амрико дар суханронияш дар Кохи Сафед гуфт, “нирӯҳои бузурги амрикоӣ ба ҳар кор омода ҳастанд” ва афзуд, “маъракаи қатлу террор”-и Эрон қобили таҳаммул нахоҳад буд.

Президент Трамп дар поёни суханронияш гуфт, аз НАТО мехоҳад, ки дар Ховари Миёна бештар фаъол шавад. 

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон субҳи 8-уми январ ба ду пойгоҳи низомии Амрико дар Ироқ ҳамлаи мушакӣ кард ва онро ҷавобе ба куштори фармондеҳи нирӯҳои қудс Қосим Сулаймонӣ донист. Сулаймонӣ рӯзи 3-юми январ бар асари ҳамлаҳои низомиёни Амрико дар Бағдод кушта шуд.

Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазири Ироқ, дар паёме дар “Фейсбук” гуфт, ки Теҳрон дар бораи ҳамла ба Бағдод иттилоъ дода буд.

Тафсилоти ҳодиса дар инҷост:

Ҳамлаи мушакии Эрон ба ду пойгоҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ. ВИДЕО, САДО

Ҳамлаҳои Эрон нигарониҳоро аз ҷанг бо Амрико барангехт. ВИДЕО, САДО

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.