Трамп гуфт, дар бораи COVID-19 “чизҳои зиёд” омӯхтааст

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 4-уми октябр ба муддати кӯтоҳ аз бемористони низомӣ дар канори Вашингтон берун шуд ва аз дохили мошин ба сӯйи ҳаводоронаш даст афшонд.

Ӯ рӯзи 2-юми октябр барои муолиҷа аз бемории коронавирус ба Маркази Тиббии Волтер Рид интиқол ёфта буд.

Пештар Трамп бо нашри наворе дар Твиттер гуфт, аз замони олуда шудан ба COVID-19 дар бораи бемории ҳамагир “чизҳои зиёд” омӯхтааст. Вай гуфт, “ин мактаби воқеӣ аст”.

Бархе ишора карданд, ки Трамп бо тарки бемористон дубора майли худро барои нодида гирифтани чораҳои асосии эҳтиётӣ барои пешгирӣ аз вируси нав нишон дод.

Қаблан, пизишконе, ки муолиҷаи Трампро ба уҳда доштанд, гуфтанд, ки вазъияти раиси ҷумҳурӣ дар ҳоли беҳбуд аст ва ӯ метавонад аз 5-уми октябр аз бемористон ҷавоб шавад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.