Трамп гуфт, дар бораи заҳролудшавии Навалний далел надорад

Доналд Трамп, президенти ИМА гуфт, ҳеҷ далеле дар даст надорад, ки ба фарзияи ҳукумати Олмон дар мавриди заҳролуд шудани Алексей Навалний, мухолифи ҳукумати Русия шубҳа кунад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Амрико ҳоло аз Берлин санадҳои заҳролуд шудани Навалнийро дастрас накардааст.

Президенти ИМА гуфт, ки масъалаи эҳтимоли заҳролудшавии мухолифи ҳукумати Русияро “хеле бо диққат” пайгирӣ мекунанд.

Аз ин пеш, Паймони низомии НАТО ба таҳқиқи байналмилалии қазияи заҳролудшавии раҳбари мухолифони Русия Алексей Навалний даъват кард, ки ба хулосаи табибони олмонӣ, бо заҳри низомии навъи “Новичок” заҳролуд шудааст.

Навалнии 44-сола рӯзи 20-уми август дар ҳавопаймо, ҳангоми парвоз аз Сибир ба Маскав худро бад ҳис кард ва ҳавопаймо дар шаҳри Омск фуруд омаду ӯро ду рӯз дар беморхонаи маҳаллӣ муолиҷа карданд. Танҳо баъди ин ӯро ба Олмон интиқол доданд. Навалний ҳоло дар беморхонаи “Шерите”-и Берлин дар ҳолати кома ё беҳушии маснуӣ буда, ҳолаташ сангин гуфта мешавад. То ҳол Русия ҳама гуна хабарҳо дар бораи вазъи сиҳҳатии Навалнийро рад карда ин қазияро дорои ангезаҳои сиёсӣ номидааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.