Трамп гуфт, натиҷаҳои интихоботи одилонаро мепазирад

Баъд аз онки мунозираи дуввуми интихоботии Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва рақибаш Ҷо Байден номзад аз Ҳизби демократ лағв шуд, ҳарду рӯзи 15-уми октябр дар чорабиниҳои алоҳида ба суолҳо ҷавоб доданд. Интихобот рӯзи 3-уми ноябр баргузор мешавад. Трамп дар як толоре дар шаҳри Маямӣ дар аёлати Флорида ба суолҳо посух дод ва гуфтугу бо Ҷо Байден дар шаҳри Филаделфия дар иёлати Пенсилвания сурат гирифт.

Ҳарду чорабиниро дар телевизион мустақим намоиш доданд. Суолуҷавоб бо Ҷо Байден ним соат бештар аз суолуҷавоб бо Доналд Трамп идома кард, ки тафовути амиқ байни ду номзадро нишон медиҳад. Аз ҳарду номзад ба такрор дар бораи вокуниши Амрико ба пандемияи коронавирус пурсиданд ва Доналд Трамп пофишорӣ мекард, ки Иёлоти Муттаҳида дар мубориза бо вирус ба пешрафт ноил шудааст. Ӯ ҳамчунин бори аввал гуфт, ки натиҷаҳои интихоботи одилонаро мепазирад, аммо афзуд, ки мехоҳад, “интихобот самимона бошад ва инро ҳама мехоҳад.”

Ҷо Байден суханрониашро бо интиқоди амалкардҳои Доналд Трамп дар мубориза бо пандемияи коронавирус оғоз кард. Ӯ гуфт, масъулияти президент “раҳнамоӣ” аст, вале Трамп ин корро накардааст. Ҷо Байден афзуд, Доналд Трамп бештар ба бозорҳои саҳҳом тамаркуз карда ва густариши вирусро камаҳамият нишон медод. Номзади Ҳизби демократ сиёсати хориҷии Доналд Трампро танқид кард, ки ба гуфтаи ӯ, сабаби танҳо мондани Иёлоти Муттаҳида шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.