Трамп мегӯяд, дар бораи ҷоизаҳои ГРУ ба ҷангҷӯён хабар надошт

Доналд Трамп, президенти Амрико, мегӯяд, ҳеч кас ба ӯ дар бораи ҷоизаҳои Хадамоти иқтишофии Русия ба гуруҳҳои ҷангҷӯи марбут ба Толибон иттилоъ надодааст.

Трамп 28-уми июн дар шабакаи Твиттер навишт, касе ба ӯ, ноиб-президент Майк Пенс ва раиси дастгоҳи президент Марк Мидовс дар ин бора иттилоъ надодааст.

Нашрияи “Ню-Йорк Таймс” 26-уми июн навишт, чанд моҳ пеш мансабдорони иктишофии Амрико ба хулоса омадаанд, ки Хадамоти иктишофии Русия (ГРУ) дар Афғонистон ба гуруҳҳои марбут ба Толибон барои роҳандозии ҳамлаҳо ба низомиёни ИМА ҷоиза медиҳанд.

Рӯзнома бо ишора ба манбаъҳои барояш қобили эътимод дар Хадамоти иктишофии Амрико исрор меварзид, ки мансабдорони амрикоӣ Қасри Сафедро аз ин вазъият огоҳ кардаанд.

Толибон ва Маскав ин айбномаро рад карданд.

Собиқ ноиб-президенти Амрико Ҷо Байден, ки ба эҳтимоли зиёд дар интихоботи президентии 3-юми ноябр ба ҳайси номзади курсии раёсатҷумҳурӣ аз Ҳизби демократ намояндагӣ хоҳад кард, болои Трамп ҳамла намуд ва ӯро барои нокомӣ дар аксуламал ба ин иқдом муттаҳам кард.

Вай ваъда дод, ки дар сурати интихоб шудан ин масъаларо бо президенти Русия Владимир Путин матраҳ мекунад ва Русия ҳатман барои ин амал нархи гароне пардохт хоҳад кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.