Трамп пас аз шифо ёфтан аз оғози маъракаи интихоботиаш хабар дод

Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки аз коронавирус табобат ёфтааст, эълон кард, ки маъракаи пешазинтихоботии худро рӯзи 10-уми октябр бо баргузории як чорабинӣ дар Қасри Сафед ва рӯзи 12-уми октябр дар Флорида оғоз мекунад.

Ин тасмим пас аз гирифтор шудани Трамп ба коронавирус гирифта мешавад, ки ӯро се рӯз дар беморхона бистарӣ карданд ва ширкати ӯ дар маъракаи интихобот қатъ шуда буд.

Ӯ давоми ҳафта дар мазҳари ом пайдо нашуд, вале дар саҳифаи Твиттераш дар бораи хоҳиши баргаштан ба маъракаи таблиғотӣ, ки чор ҳафтаи дигар дар ихтиёр дорад, хабар дод.

Дар Амрико моҳи ноябр интихоботи президентӣ баргузор мешавад.

Доналд Трамп ва Ҷо Байден бо ҳам рақобат хоҳанд кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.